Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Шумо ҳам ба ин ҷо бо тайёрии хуб омадаед. Лейтенанти калоне, ки ба дастонатон кишан зада овард, рост гуфт, ки шумо “консерт” нишон додаед. Шумо ба ҳаққу ҳамсоя фаҳмониданӣ шудед, ки гуноҳе надоред, вале ҳамаи он ҷаҳду талошҳоятон беҳуда аст, чунки шумо панҷ сол пеш бояд ҷазоятонро мегирифтед, чун он даъфа аз об хушк баромадед, гумон намудед.
ки касе аз он асрори ниҳон огоҳ нахоҳад шуд.
-Аз кадом асрор, шумо чиҳо мегӯед?
-Аз асрори марги дӯсти собиқатон Нозим Ятим,-гуфтам ман.
-Чаро гумон доред, ки ӯро ман куштам?
-То ҳамин субҳ мо инро намедонистем, вале худи субҳи имрӯз мо ба номаи хеш, ки дар бораи шахсияти яке аз фавтидагони муқовимати мусаллаҳона дар ағбаи Аспандоз Кироми Алидод маълумоти муфассал гирифтем ва ҳамин нафари дар он задухӯрдҳо ҳалокгашта писари амаки шумо Алидод Зайдов аст. Ё гуфтан мехоҳед, ки бо маҳрум алоқаи хешу таборӣ надоште?
-Сукут аломати ризост гуфтаанд. Аз ин бармеояд, ки бо Зайдов Киром Алидодович амакбача будед.
-Охир Киром дар задухӯрди мусаллаҳона бо кормандони милиса ба ҳалокат расид, пас чаро ман алами ӯро, агар гирифтанӣ бошам, аз милисаҳо нею аз Нозим Ятим мегирифтам. Даъвои беасос.
-Чунки баъди таҳлилҳои зиёд оид ба шикаст хурданӣ амалиёт шумо тавонистед шахсияти нафареро, ки ба милиса ёри додааст, муайян намоед ва дигар кас ҳам ба ҷои шумо мешуд, ӯро намебахшид...
-Ман ба куштори Нозим Ятим алоқае надорам, беҳуда ҳам худ ва ҳам манро азоб надиҳед, ба замми ин, ман имрӯз нияти ба Алмаато рафтан дорам, рафту аз тайёра қафо монам, пули чиптаро кӣ ҷуброн мекунад?
-Марҳамат, ана телефон гирифта, ба фурудгоҳ занг занед, то ҷойи ишғолкардаи шуморо ба дигар кас фурӯшанд. Хоҳу нохоҳ биступанҷ фоизи маблағи барои чипта супурдаатон, ки он барои шумо пули чандон калон ҳам нест, ба фоидаи фурудгоҳ мемонад.
-Не, ман ба ягон ҷо занг намезанам ва вақту соаташ ояд, шумо ба ҳамаи ин ҷавоб хоҳед гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор