Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Дар солҳои наздик ба гумон аст, ки шумо имконияти аз болои мо шикоят намуданро ёбед, бо гузашти солҳо бошад, худ аз баҳри ин амали беҳуда хоҳед гузашт. Ба замми ин, мо ҳатто телефони давлатиро ба ихтиёратон гузоштем, дар суд бошад, шумо қасам хӯрда наметавонед, ки мо ба шумо чунин имкониятро надодем.
-Шумо ва шумо баринҳоро чашми дидан надорам.
-Ана ин гапи дигар, маълум ки монда шудед. Албатта, барои ба саволҳо ҷавоб гуфтан шумо бояд андеша намоед. Афсӯс ки шумо имконияти бо ҳаммаслакони ҷинояткори хеш суҳбат кардан надоред, вале андешаҳо дар танҳоӣ ҳам хубанд...
-Бе адвокат сухане дигар ба забон нахоҳам овард.
-Боке нест, акнун аз ҳамин лаҳза шуморо боздошт мекунем, - гӯён муфаттиш ба телефони 02 навбатдори милисаро барои фиристодани конвой (посбон, муҳофизони ИВС) ҳушдор сохт.
Баъди ба ИВС фиристодани Зайдов ман ҳамроҳи муфаттиш ба тановули нисфирӯзӣ рафтам...
....45...
Ин субҳ дар ҳамом будам, ки овози Фараҳноз баланд шуд. Чун ҳангоми вориди ҳамом шудан дидам, ки Умеда дар ошхона ҷунбуҷул дорад каме осуда шудам, ки албатта ба ёрии тифл хоҳад шитофт, вале тифли дар гаҳвора буда бо садои нобаҳангоми хеш хонаро ба сар бардошт...
Садо он қадар имдодҷуёна ва марғуладор буд, ки банда худ ба ёрии ӯ шитофта Умедаро дар сари гаҳвора дидам. Дар ҳоле ки ҳамсарам ҳануз даст аз паҳлутахтаи гаҳвора нагирифта буд чашмаш ба мани нимбараҳнаи пушти дар пайдошуда афтода бо як табассуми зебое гуфт;
38 Масти рӯй Нозӣ,
Ба дилам дори бозӣ.
Ба хаёлат фақат ту,
Дар фикри Фараҳнозӣ ...
Гӯён бо ишораи сар бандаро ба ёрӣ хонда шири дар болои газ мондаашро ба ёд оварда ба ошхона рафт. Новобаста аз он ки Фараҳноз ба аллагӯиҳои модараш одат намуда буд, ин даъфа худро
Ноз-шакли кутоҳкардашудаи номи Фараҳноз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор