Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

дар назди падар чун “арӯсӣ” хона нишон доданӣ шуда хомӯш шуд...
Аз хонаи хоб баромада будам, ки нигоҳи пур аз рози ҳамсарро дида гуфтам, ки арӯсро кайҳо хоб бурд.
-Бечора кӯдак, падарро дар сари гаҳворааш дида, ҳушаш рафтааст...
-Ҳуши модараш чӣ?
-Ҳуши модараш ҳам, - бо табассуми зебое гуфт модари Фараҳноз ва манро ба ошхона даъват кард.
-Ба фикрам, ба чойнӯшӣ вақтам намерасад.
-Хобатро ба об гуй.
-Чӣ мехоҳӣ, ки барои дермониам ҷазо гирам.
-Ҳоло соат...
-Чаро хомӯш шудед?
-Ин соат кайҳо аз кор монда будааст, ман гумон намудам, ки соат ҳафт, вале ақрабаки онро бубин.
Чун чашм ба ақрабаки болои дар бурдам, онро беҳаракат дидам.
Расо як соат дертар ин субҳ ба кор омадам ва чун ҳама афсарон дар маҷлиси назди муовини сардор буданд, банда ҳам дилу бедилон ба он дар ангушт зада, бо рухсати нафаре, ки дар сари миз менишаст, гузашта ба курсие нишастам.
-Маҷлис кай сар шуд?-оҳиста пурсидам аз Ёрмуҳаммад Бутаков, ки дар паҳлуи ростам менишаст.
-Ягон даҳ дақиқа...
-Рафиқ капитан, халал нарасонед, бе ин ҳам дер омадед, - бандаро ҳушдор сохт Раҷабов ва ман дигар каломе ба забон наоварда, сари андешаҳои хеш, ки аз рӯзи гузашта дар майнаам чарх мезаданд, дода шудам...
Дирӯз баъди тановули нисфирӯзӣ ману муфаттиши прокуратура дубора боздоштшудагонро дар ҳузури ҳимоячиҳояшон пурсидем.
Новобаста аз он ки онҳо ба қавле акнун ҳимоячӣ доштанд, вале фишори арғамчинро ҳис намуда, ҳар кадом дар алоҳидагӣ баҳри собит намудани дараҷаи бегуноҳии хеш ё гуноҳи содирнамударо аз будаш кам нишон додан ва гуноҳи асосиро ба зиммаи дигаре вогузоштан талошҳо карданд...

пешина
аз 429
навбатӣ