Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рафтори онҳоро дида парокандашавии галаи гургҳоро ба ёд овардам. Бобоям, илоҳо рӯҳаш шод бод, нақл мекард, ки солҳои пеш зимистони Сағирдашт ниҳоят сербарф буд ва аҳён-аҳён гургҳои аз галаи хеш қафомонда дар алоҳидагӣ ба рустоҳо ҳуҷум мекарданд, вале он ҳуҷуми охирони онҳо мешуд, чунки ба андешаи бобоям гурги танҳо аз саге беш набудааст ва сагҳои деҳ дар якҷоягӣ он гургро пӯст меканданд...
Дирӯз ман худ шоҳиди суханронии онҳое шудам, ки тайи чандин сол аз як гиребон сар бароварда, қонунро поймол мекарданд. Нафси бад ва бе ҷазо мондан онҳоро чун галаи гургон даҳшатнок намуда буд, вале марги марди бегонае дар даҳлези хонаи яке аз аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша рахнаеро дар девори ин қалъаи сангин ба вуҷуд овард...
Чун гилзаи аз ҷои ҳодиса гирифташуда нигоҳи тафтишотро ба солҳои пешин моил сохт, аъзои гурӯҳ ба ҳарос афтода, ба хатои ҷиддие роҳ доданд ва оқибат ҳамин хато онҳоро чун гумонбар ба милиса овард. Ёфтани панҷ ҳазор доллари рахаш ношикаста аз дохили радиои аз замони доқиёнус монда нигоҳи тафтишотро дар атрофи нафаре, ки ба беморхона номаро бурда буд, ба куллӣ тағйир дод. Маҳз ҳамин нафар ҳангоми итоат накардан ба кормандони БДА ба лағшиши ях асос гузошта буд...
-Рафиқ капитан, шумо, - гӯён муовини сардор бо ангушташ ин дафъа ба тарафи банда ишорат намуд.
Ман, ки то кунун рӯи он яхи лағжон “ҷаҳиш” доштам, маҷбур шудам дафтари хотиротамро пӯшида, аз ҷой бархезам...
-Хуш ягон умеде ҳаст?
-Ҳамааш имрӯз маълум мешавад.
-Ин тавр бошад, худи ҳозир ба прокуратура равед, - амр намуд Сафар Бобохонович ва ман аз дар баромадам...
Роҳравон боз сари нишондоди дуюми Турсун Маҳмуд баргаштам, маҳз ӯ дирӯз аз ҳама беш фишори арғамчинро ҳис намуда, баҳри ҳимояи хеш талош варзид. Аслан дар ин ҷода ӯро гунаҳкор кардан ҳам чандон аз рӯи инсоф набуд, чунки хиёнатро дар нисбати эшон худи саркоргардони ширкати ҷиноятпеша раво диданд. Онҳо ӯро ба Теппаи Самарқандӣ барои овардани бор фиристода, баъди ба даст афтиданаш ба ҷои дилбардорӣ болои захмаш намакоб пошиданд. Ба фикрам, ҳимоячӣ тайи чанд дақиқаи дар якҷоягӣ бо вай будан тавонист эшонро ба роҳи рост ҳидоят намояд...

пешина
аз 429
навбатӣ