Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Имрӯз бояд ӯро бо ҳама он саркардагони ширкати ҷиноятпеша рӯ ба рӯ мекардем. Аз эҳтимол дур набуд, ки муфаттиш сари субҳ ба Раҷабов занг назада бошад, ҳарчанд дуюмӣ дар ин бора каломе ҳам ба забон наовард...
Дар пеши бинои прокуратура Матлубаи Гурезро дидам ва мо ҳарду якҷоя ба дафтари кории муфаттиш рафтем.
Матлубаи Гурез даъватномаеро аз сумкачаи дар китфаш буда бароварда, ба тарафи муфаттиш дароз намуда пурсид:
-Ҷеғ зада будед?
-Марҳамат, гузашта шинед, - гуфт муфаттиш ва ману Матлубаи Гурез сари мизи дарозрӯя дар муқобили ҳамдигар нишастем.
-Бо ёрии шумо, такрор мекунам, танҳо бо ёрии шумо мо метавонем имрӯз ба рафти ҳамаи ҳодисаҳо нуқта гузорем.
-Бо ёрии ман? - ҳайрон шуда пурсид нафари ҳамроҳи банда омада.
-Бале, - гуфт муфаттиш ва мақсади хешро байён намуд.
-Зид нестам.
...46...
Матлубаи Гурез дар байни чор нафар Турсуни Маҳмудро шинохт.
-Ба саволи муфаттиш, ки эшонро аз рӯи кадом нишонаҳояш мешиносад ва ӯро бори аввал дар куҷо дидааст ҳамсари бевафои Қиёми Абдулхайр чунин посух дод:
-Ин ҳамон ронандаи таксии хатсайри нави “Корвон-кӯчаи Бинокорон” аст, ки нархномаро панҷоҳ фоиз арзон намуда буд...
Чун Матлубаи Гурез ҳангоми гузаронидани шиносоии навбатӣ дар байни се нафар Аброр Воҳидович Зайдовро нашинохт, мо ба хулосае омадем, ки Турсун Маҳмудро аз нав пурсем.
Вохӯрии навбатӣ ба нимаи дуюми рӯз рост омад. Бо амри муфаттиши прокуратура ду милитсионер Турсуни Маҳмудро ба дафтари кории банда оварданд.
-Мехостем ба баъзе саволҳои дар рафти мулоқоти имрӯзаи шумо бо Матлубаи Гурез рухдода посух бигирем, - баробари ба курсӣ нишастани боздоштшуда ибрози назар намуда гуфт муфаттиш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор