Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Дар вохӯриҳои пешин ман ҳамаашро гуфтам, боз чӣ мехоҳед?
-Маълум мешавад, ки чизеро аз мо пинҳон кардан мехоҳед, агар чунин набошад, пас чаро худатон дар бораи ба гарав гирифтани ҷавонзан каломе ба забон наовардед?
-Нахостам бо кадом як корҳои майда-чуйда вақти қимати шуморо бигирам.
-Агар дар ин бора фикр мекардед, бояд аз он амалҳои нангин худдорӣ менамудед.
-Чӣ хел амалҳо?
-Ба андешаи худат он ҷавонзан барои дидорбиниат омада буд?
-Аз куҷо донам.?
-Хуб мешуд, ки аз худ мусичаи бегуноҳ натарошед. Дар нисбати ҳама гуноҳҳои пештар содирнамудаатон амале ки дар нисбати ҷавонзане, ки шуморо соате пештар шинохт, раво дидед, нангинтар аст. Он чӣ амал буд, ман такрор намекунам, вале бояд бигӯям, чунки ногуфта ҳам намешавад, назари аҳли маҳбас ба чунин кирдорҳо ҳаргиз мусбӣ набуд...
-Ман як аробачӣ будам, шояд ӯро бо хоҳиши худаш ба ҷое бурда бошам, магар ҳамаи чунин ҳолатҳоро ба ёд гирифта мешавад?
-Ту лаънатӣ шарм надошта, боз худатро сафед кардан мехоҳӣ?! - беихтиёр аз гиребони вай дошта гуфтам ман. Рафту агар дахолати бевоситаи муфаттиш намешуд, намедонам ин амали банда бо чӣ меанҷомид.
-Акнун гап зан, ки чаро он занеро, ки худатро чун ронандаи хатсайри нави “Корвон - кӯчаи Бинокорон” шинохт ба гарав гирифтӣ.
...
-Агар ту бегуноҳ бошӣ, ба даҳон об мегирӣ? Ҳамаи инро сабаб он аст, ки акнун дар кадом вазъ қарор доштанатро нағз мефаҳмӣ.
Чаро даъво намекунед, ки чун пештара баҳрат адвокат биёрем, чаро?
-Ман акнун ба хулосае омадам, ки аз дасти адвокат ҳам ҳеҷ балое намеояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор