Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Кори мо ҳамин аст.
-Рафту дар вақташ шумо ба амалҳои зишти вай баҳои дуруст медодед, шояд имрӯз ба чунин аҳвол намеафтидед.
-Шумо гуфта киро дар назар доред?
-Ҳамаи онҳоеро, ки банда аз болои он Дон Жуан шикоят намуда, вале касе ба додам нарасид, ҳама манро духтари сабукпой дониста, нахостанд қадру манзалати он “олими” ҷавонро паст зананд. Ба ман рӯйрост гуфтанд, ки туро нотавобинони олими ҷавон, ки илми тоҷик аз ӯ дастовардҳои зиёдеро интизор аст, чун бозичаи дасташон истифода бурданд. Бубинед, зӯри мани муштипар ба вай нарасид, вале Худованд худ ҷазояшро дод. Ба ростӣ, ман марги ӯро намехостам. Шояд агар зинда мемонд, ягон вақт ба суроғи писараш меомад. Чунин ҳодисаҳо дар зиндагӣ кам нестанд. Акнун марги ӯ дили манро ҳам бишкаст, чунки аз Ҳиндустон хабар меояду аз гӯристон не. Афсӯс бар он мехӯрам, ки ин тифли дар гаҳвора буда дигар ҳеҷ гоҳ дидори падарашро нахоҳад дид. Агар боваратон шавад ҳамин, нашавад ҳам, ман дигар далеле баҳри собит намудани бегуноҳии хеш оварда наметавонам.
-Ман шуморо мефаҳмам, вале қоида ҳамин аст. Охир гунҷишкро не, инсонро ба қатл расонидаанд, бигузор ба андешаи шумо ӯ ҷинояткор ҳам бошад. Мо наметавонем яку якбора сояро аз болои шумо бардорем, вале чун қотили асилро дастгир намоем, соя худ аз худ аз болои шумо бардошта мешавад.
-“Бузак, бузак намур, ки баҳор мешавад,” - гӯед.
-Чӣ илоҷ кори мо чунин аст. Чун шумо аз дасти вай хеле аламҳо дидаед, тафтишот наметавонад сари ин масъала бетафовут бимонад.
-Ба андешаи шумо танҳо ман аз дасти вай ҷабру ситам дидаам.
-Намедонам.
-Ман баъдтар фаҳмидам, ки ӯ чӣ гуна инсон будааст.
-Ба андешаи шумо ӯ чи гуна инсон будааст?
4
-Чун Дон Жуан, не дурустараш чун Ҷорҷ Дюруа.
-Ҷорҷ Дюруа?

Қаҳрамони асари Ги де Мопассан “Милый друг»

пешина
аз 429
навбатӣ