Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Адвокат чӣ ҳам метавонад кунад, модоме ки торҳои танидаи худатро бо табар ҳам бурида намешавад.
-Охир ба ҷуз оне, ки вай манро ҳамчун ронанда шинохт, дигар ягон каломе дар нисбати банда ба забон наовард.
-Чӣ, мехостӣ, ки дар бораи он ҳаракатҳои разилонаат дар ҳузури мардони бегона сухан гӯяд?
-Ман бояд фаҳмам, ки вай бо чӣ гуноҳ бандаро муттаҳам намудааст.
-Вай туро барои гаравгонгирӣ, таҷовуз ба номусаш ва боз шантаж гунаҳкор кардан мехоҳад. Дар ин бора ман аллакай нигоҳи аҳли маҳбасро бароят гӯшрас намудам.
...
-Мо медонем, ки ҳангоми рабудани ҷавонзане, ки ин субҳ худатро шинохт, танҳо набудед, бинобар ин хуб мешуд, ки баҳри тафтишот ному нафари ҳамроҳат бударо арзонӣ медоштед.
-Номаш Охун, насабашро намедонам.
-Ҷои истиқоматаш?
-Намедонам.
-Ҷои кораш?
-Ба номи Худо дар бораи вай дигар маълумоте надорам.
-Маълумот надоред, вале ҳамроҳаш ҷиноят содир намудед, ақли кас намегирад.
-Нақшаи ба гарав гирифтани Матлубаи Гурезро (ин ҳамон занест, ки ин субҳ ба дидорбиниат омада буд) кадоме аз шумо кашида буд.
-Ҳеҷ гуна нақша набуд.
-Пас чӣ тавр дар шаҳре, ки беш аз як миллион аҳолӣ дорад, маҳз ҳамин занро рабудед ва боз занг зада, аз шавҳараш панҷоҳ ҳазор доллари амрикоӣ талаб намудед.
-Ман дар он амалиёт фақат вазифаи ронандаро иҷро намудам.
-Охун чӣ?
-Ӯ гуфт, ки шавҳари ин зан аз вай қарздор аст ва танҳо бо ҳамин роҳ метавонад қарзи хешро пас гирад.
-Бо вай кай шинос шудед?
-Чор рӯз пеш аз ҳамон ҳодиса.
-Аз кадом ҳодиса?
-Аз ҳодисаи ба гарав гирифтани ҳамин зан.

пешина
аз 429
навбатӣ