Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Чӣ тавр бо Охун шинос шудед?
-Гуфтам-ку ман як аробакаш будам ва чор рӯз пеш аз оғози ҳамин ҳодиса он кас ба мошини ман нишастанд. Ман ӯро ба истгоҳи “Кӯли Ҷавонон” бурдам. Вай ба дастам бист сомонӣ дода гуфт, ки интизор шавам ва худ ба тарафи кӯл рафт. Чун мардуми зиёде дар он ҷо буд, ман намедонам ӯ бо касе вохӯрд ё не.
Тахминан баъди бист-биступанҷ дақиқа вай баргашта, ба мошин нишаст ва мо ба шаҳри Ҳисор рафтем. Дар пеши бозори маркази шаҳри мазкур ман боз мошинро нигоҳ доштам ва боз ӯро, ки вориди бозор гашт, интизор шудам. Ҳангоми бозгашт ӯ аз ман пурсид, ки ин аробаи худам, гуфтам, ки не инро ба иҷора гирифтам. Гуфт, ки оё мехоҳӣ, ки аз ин ҳам аробаи зеботари шахсӣ дошта боши?
–Ин орзуи ягонаи банда аст, вале бало занад ҳамин камбағалиро гуфтам ман.
-Ту ҷавони нағз метобӣ, бе муҳобот ба ман маъқул шудӣ.
Рафту агар бо ман ҳамкорӣ кардан хоҳӣ, бе наво нахоҳӣ монд, - гуфт ҳамон мард ва дар рӯ ба рӯи боғи Рӯдакӣ фаромада, ба дастам боз панҷоҳ сомонӣ дода гуфт, сари гуфтаҳои ман андеша намо ва
00 агар хоҳӣ бегоҳӣ соати 19 ба пеши меҳмонхонаи “Вахш” биё, ҳамон ҷо ягон маслиҳат мекунем. Хостам ба ӯ бақияи пулашро диҳам, вале вай рад карда гуфт: “Ҳисоби дӯстон дар дил” ва дари мошинро пӯшид. Ҷавонмардии вай ба ман хуш омад ва дар вақти таъиншуда ба пеши меҳмонхонаи “Вахш” рафтам. Тахминан баъди се дақиқаи интизорӣ ӯ низ аз меҳмонхона берун омада гуфт:
-Шодам, ки омадӣ, номи ман Охун.
-Турсун, - гуфтам ман.
-Ин хел бошад, рафтем, - гуфт ӯ.
-Ба куҷо?
-Ба тарабхона.
-Чун ман кайҳо боз ба тарабхона нарафта будам, каме дасту по хӯрдам, чунки дар кисаам маблағи қазоӣ надоштам, вале вай бандаро бовар кунонид, ки дар сари роҳ суҳбат намудан чандон хуб нест, ба замми ин вай аллакай як мизро баҳри суҳбати ҳардуямон банд намудааст.
Вақте ки мо вориди тарабхона шудем, дар баъзе мизҳо як-ду нафари мизоҷ буд ва мо дар гӯшаи аз ҳама охири толор ҷой гирифтем.

пешина
аз 429
навбатӣ