Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Пешхизматдухтар омад ва Охун шаробу кабоб фармуд ва соате пас дар тарабхона он қадар савту наво зиёд шуд, ки ҳисобаш гум... Ман ҳеҷ гумон надоштам, ки дар тарабхонаҳо ин қадар мизоҷон зиёданд, то он вақт ҳамаро аз нигоҳи хеш қиёс мекардам, вале маълумам гашт, ки чун банда барин нафароне, ки қобилияти дар тарабхонаҳо тановули шомро намудан надошта бошанд, шояд ангуштшуморанд...
Чун ман нӯшидаву аллакай сархуш будам, рақси атрофиёнро дида, ба ваҷҳ, омадам ва аз Охун маъзарат хоста, аз ҷой бархестам ва тайи ним соат бо ду париваше рақс намудам. Сипас боз ба сари миз баргашта, шояд аз таъсири май бошад, ки Охунро бародари қиёматӣ номидам.
Маҳз баъди ҳамин суханам Охун мақсаду мароми дар қалб ниҳон доштаашро ба ман ошкор намуда, аз ман ёрӣ хост. Ӯ гуфт, ки тайи панҷ сол аст марги бародарро, ки бо гуноҳи аблаҳе рух додааст, таҳаммул карда наметавонад ва то ба он кас расидан ӯ чӣ қадар маблағе сарф накард, акнун ки овози он хабаркашро дар даст дорад, мехоҳад бо ҳар роҳе набошад, ӯро муҷозот намояд, чунки бе ҷазо мондани чунин ашхос ин баробари ғалабаи шар аст...
-Худат бошад, ба вай бовар кардӣ.
-Мо аз тарабхона баромада хеле дар кӯчаҳои шаҳр пиёда сайругашт намудем. Сипас ӯ он рози ниҳони дар дил доштаашро бо сабти овози он хабаркаш ба ман пешкаш намуд. То кунун суханони он аблаҳ, ки боиси марги се тан шуда буд, дар гӯши ман садо медиҳанду садо. Агар Охун мехост ман худам он аблаҳи хабаркашро ба ҷаҳаннам мефиристодам, вале ӯ гуфт, ки хунро бо хун шустан намешавад ва нақшаи чӣ тавр ба дом афтодани хабаркашро ба ман пешниҳод намуд. Чун посе аз шаб гузашта буд, гуфт, ки “Турсунбой худат як фикр кун, агар ба ман ёрӣ додан хоҳӣ, фардо субҳ туро дар пеши бинои почтаи марказӣ интизор мешавам.” Ӯ гуфт, ки ҳаргиз ба болои қонун по нагузоштааст ва нахоҳад гузошт, вале акнун, ки қотили бародарашро медонад, мехоҳад эшонро каме ҳам бошад, афшонад.
-Ман ба ӯ гуфтам, ки чаро ба милиса хабар намедиҳӣ? - Медонед вай чӣ гуфт?
-Чӣ гуфт?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор