Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Гуфт: “Турсунбой ба фикрам худат маст шудаӣ. Охир вай лаънатӣ дар бораи он амалиёт ба милиса хабар дод, пас чӣ тавр ман метавонам ба ёрии беғаразонаи милиса умед бандам?”
-Гуфтед, ки он суханон то кунун дар ёдатон монда, пас мегуфтед, ки хабаркаш чӣ сухане гуфта?
-“Алло ин милиса? Ба шумо хабаре дорам, корвонеро, ки дар борааш суҳбат доштем, субҳи фардо дар ағбаи Аспандоз интизор шавед. Онҳо чор нафаранд... Бале ҳамаашон мусаллаҳ...”
-Ҳеҷ фикр накардед, ки вай овози ягон нафари дигарро сабт карда бошад.
-Он замон сухане нагуфтам, вале чун субҳ ба пеши бинои почтаи марказӣ рафтам, баъди салом Охун ба ман рӯзномаеро, дурусттараш, ҳафтаномаеро дод, ки бо мурури замон зард шуда буд. Маҳз дар ҳамон ҳафтанома дар бораи амалиёти бобарори милиса дар ағбаи Аспандоз ва ҳангоми муқобилияти мусаллаҳона ба ҳалокат расонидани се тан аз интиқолдиҳандагони маводи мухаддир хабар дода мешуд. Маҳз бо хондани ҳамон хабар гумон намудам, ки Охун дасту пойи бандаро бе занҷир бубаст...
-Номи додарашро нагуфт.
-Чун ному насаби фавтидагон дар рӯзнома оварда нашуда буд, ман худам пурсидам, ки бародаратонро чӣ номе буд? Охун гуфт, ки бародарам Киром ном дошт.
-Баъд чӣ шуд?
-Охун пурсид, ки агар ба вай ёрӣ додан хоҳам, даҳ фоизи маблағи аз хабаркаш гирифтаашро ба ман медиҳад.
-Оё пурсидед, ки даҳ фоизи он маблағ чанд мешавад?
-Албатта.
-Хуб он маблағ чӣ қадар мешудааст?
-Охун чун боварӣ ҳосил намуд, ки ман бо вай ҳастам, ба замми ин ӯро бародари қиёматӣ хондам, гуфт, ки хабаркаш сармояи зиёде дорад ва мо аз ӯ панҷоҳ ҳазор доллар талаб хоҳем кард.
-Пас худат розӣ шудӣ, ки дар амалиёти одамрабоӣ бо вай ҳамроҳӣ намоӣ, ҳамин хел?
-Ҳа, розӣ шудам, чунки бо гуноҳи вай се тан ҷони хешро аз даст доданд, ё шумо гумон доред, ки хабаркашӣ кори хуб аст?
-Ҳамааш ба он вобаста ки он чӣ гуна хабар аст.
-Фарз кардем дар ҳодисаи мазкур.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор