Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Дар нисбати шумо хабаркаш кори савоберо ба анҷом расонидааст.
-Чӣ хел кори савоб, охир се ҷавонмард дар он амалиёт ба ҳалокат расидаанд.
-Се нашъаҷалоб гӯед, се нафаре, ки барои манфиати шахсӣ ҳазорон нафарро ба марг маҳкум карданӣ буданд ва ҳамон як тан садди роҳи онҳо шуда. Ҳамон нафари гуфтагиат он қадар кори хайреро ба сомон расонида, ки на худат ва на он Охуни гуфтагиат дар тамоми давраи ҳаётатон панҷ фоизи чунин амали хайрро иҷро накардаед. Ҳар он чӣ ки ба сари он се нашъаҷаллоб омадааст, бо амри худованд ба сомон расида, чунки бори каҷ ҳаргиз ба манзил намерасад ва чоҳкан ҳам, албатта, рӯзе худаш ба он чоҳи кандааш меафтад.
...
-Чаро хомӯш шудед? Гап занед, - овоз рӯшан намуд Нӯшини Азиз.
-Сари гуфтаҳои рафиқ капитан андеша дорам.
-Хуш ба кадом хулоса омадед?
-Қиблагоҳам мегуфт, ки оби рехта, шишаи бишкаста ва тири аз камон ҷастаро ба ҳолати аввалаашон баргардонидан ғайри имкон аст.
-Хайрият суханони қиблагоҳатро ҳам ба ёд овардӣ, вале афсӯсу надомат дигар суде надорад. Акнун шуморо танҳо як роҳ аст.
-Чӣ хел роҳ?
-Ба тафтишот ёрӣ додан ва бо ҳамин дараҷаи гуноҳи хешро бо ҳолатҳои сабуккунанда пасттар намудан.
-Ман асли воқеаро гуфтам.
-Мо то кунун ба ҷои оғози воқеа нарасидаем ва хуб мешуд, ки давоми саргузаштатонро баён мекардед, - хоҳиш намуд муфаттиш.
-Ӯ ба ман сад доллари амрикоӣ дода, хоҳиш намуд, ки дар беруни шаҳр ба муддати даҳ рӯз ягон бӯстонсароеро, ки гирдаш бо девор маҳкам карда шуда бошад, ёфта, ба иҷора гирам. Дар бӯстонсаро бояд ҳама шароитҳои зиндагӣ фароҳам бошад, ба замми ин, тирезаҳояш бояд бо панҷараи оҳанин маҳкам бошанд.
-Гуфтам чунин бӯстонсароро аз куҷо ёфтан мумкин?

пешина
аз 429
навбатӣ