Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Охун гуфт, ки хуб мешуд ба маҳалаи Дарёобод мерафтам ва ҳамон ҷо чунин бӯстонсароро ҷустуҷӯ менамудам.
-Худи ҳамон рӯз ин масъаларо ба ивази панҷоҳ доллар ман ҳал намудам ва дар мулоқоти навбатӣ калидҳои он ҷойро ба дасти Охун додам.
Чун худи Охун ба он маҳал рафта бӯстонсароро дида баргашт, гуфт, ки вақти он расидааст, ки аз пайи кор шавем. Тайи як шабонарӯз ман дар кӯчаи Бинокорон аз қафои ҳамин зан назорат бурдам, вале чун ӯ дар ягон ҷо кор намекард, ба хулоса омада натавонистам ва андешаҳои хешро дар вохӯрии навбатие, ки шоми рӯзи сеюми шиносоии мо дар тарабхонаи “Дӯстӣ” баргузор шуд, ба гӯши Охун расонидам.
-Боке нест, фардо ӯро дунболгир мешавем ва агар корҳоямон барор гирад, аз рӯи вазъи ба вуқуъпайваста амал хоҳем кард.
Субҳи рӯзи дигараш ман боз ба кӯчаи Бинокорон рафта, ба назорат оғоз намудам ва соате пас Охун ҳам ба он ҷо омад. Ман ба вай гуфтам, ки шавҳари зан баромада рафт, вале худаш ҳамоно дар хона аст.
-Интизор мешавем, - гӯён Охун коғазпечи бо худ овардаашро ба дасти ман дод.
-Ин чи?
-Кушода бубин.
Ман он коғазпечро кушодам ва дар он навиштаҷоти компютерии зебо ва аҷиберо дидам.
-Чӣ хел навиштаҷот?
-“Обшорон-кӯчаи Бинокорон.” “Гагарин-кӯчаи Бинокорон.” “Корвон-кӯчаи Бинокорон” “Баракат-кӯчаи Бинокорон.” Чун аз Охун шарҳи он навиштаҷотҳои овардаашро пурсидаву посухи ӯро шунидам, ба рости ба ақлу заковати эшон аҳсан гуфтам.
Ним соат пас аз омадани Охун ё каме зиёдтар вақт гузашта буд, ки нафаре, ки мо интизораш будем, аз бино берун омада, ба самти роҳи калон ҳаракат намуд. Охун аз бағалкисааш як лифофаеро бароварда, ба дасти ман дода гуфт, ки онро бурда ба қуттии почтаи рақами 19 партоям.
Пурсидам, ки ин чист?
-Ин сабти ҳамон хабари ба милиса додаи шавҳари ҳамин бонуе, ки аз қафояш ҳастем, дарвоқеъ худат онро шунидӣ, пеш аз он ки мо ултиматуми хешро монем, бояд вай хабари таърихи панҷсоладоштаи хешро гӯш кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор