Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Акнун рав, то боз бонуро аз даст надиҳем. Ман ҳамон лифофаро дар муддати камтар аз як дақиқа бурда ба қуттии рақами 19 андохта баргаштам ва муҳаррикро ба кор андохта аз қафои ҳамон ҷавонзан ҳаракат намудам.
Вақте ки мо ба сари роҳи калон омадем, ҷавонзан аз роҳ гузашта, ба автобуси рақами 28 нишаст. Ин кори моро хеле осон намуд ва мо аз дунболи автобус то бозори “Корвон” рафтем. Дар рӯ ба рӯи дарвозаи дуюм ҷавонзан аз автобус фаромада, ба самти чапи роҳ гузашт. Охун ба ман супориш дод, ки аз гардиш рафта тоб хурда биёям, худаш бошад аз қафои ҷавонзан рафт. Баъди бист дақиқа Охун ба телефони дастии ман занг зада гуфт, ки тайёр шавам.
Чун аллакай ман хатсайри “Корвон кӯчаи Бинокорон” - ро ба пеши тиреза аз тарафи мусофир гузошта будам, худи ҷавонзан онро дида пурсид, ки ин хатсайри нав аст? Гуфтам: “Бале ин хатсайрро ҳамин рӯз кушоданд. Чун рӯзи аввали кор аст, нархи роҳкиро панҷоҳ фоиз арзон.”
-Худо баракати коратонро диҳад, - гӯён мусофири дигар, яъне Охун ҳам паҳлуи он зан рост шуд ва гуфт, ки “Бародар, вақтам танг, агар рафтанӣ набошед, ба ягон таксии дигар нишинам.”
-Шинед меравем,-гуфтам ман ва аз пеши мошин ба тарафи чап гузашта сари чанбарак нишастам ва Охун паҳлуи ман нишасту ҷавонзан аз пушт.
Дар гардиши аввалин мо ба тарафи чап тоб хӯрдем, ҳарчанд ба самти бӯстонсаро бояд ба тарафи рост мерафтем. Тахминан баъди ду-се км мусофири дар паҳлуям буда бо пушти дасташ оинаро пок намудан хост. Ин маънои онро дошт, ки ба қисми дуюми амалиёт мегузарем. Ким-чӣ хел садое шуд гуфтам ман ва мошинро паҳлуи рости роҳ боздоштам. Сипас аз хонуми дар курсии қафо нишаста хоҳиш намудам, ки дар паҳлуи дар халтаи калидҳост, хуб мешуд агар онҳоро бардошта ба ман медод. Хонум даст ба сӯрохии паҳлуи дар бурда гуфт, ки ягон калид нест.
-Бубахшед, ман ҳозир,-гӯён аз мошин фаромадам ва ба пеши он гузашта, капоти болои моторро кушодам, сипас чӣ хеле ки Охун дастур дода буд, аз шишачаи дар ҷайбам буда моеъи мадҳушкунандаро ба рӯймолчаи барои ҳамин амал тайёрнамудаам рехта, дар ҳолате ки капот ҳамон хел кушода буд, омада дари қафоро кушодам ва ба ҷавонзани мусофир гуфтам, ки хуб мешуд ҷисми хешро каме дарунтар мегирифт, то банда бубинам, ки калидҳо дар куҷоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор