Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Ҷавонзан бе ягон истиҳола амри бандаро иҷро намуд ва ман бо як чолокие рӯймолчаро ба пеши бинии ӯ гирифтам...
Дар ҳоле, ки ман мошинро ба самти қафо гардонидам, Охун ба шавҳари ҷавонзан занг зада гуфт, ки дар қуттии почтааш барояш туҳфае гузоштааст, хуб мешуд, ки онро гирифта гӯш мекард...
Вақте ки мо ба бӯстонсаро расидем, Охун дубора занг зада гуфт, ки дискро гирифтед ё не? Ба фикрам, мусоҳибаш гуфт, ки аз вай чӣ мехоҳем.
-Дар давоми се шабонарӯз панҷоҳ ҳазор доллари амрикоӣ тайёр намо, ё ба пӯстат коҳ ҷой мекунем. Ҳа, дар воқеъ,-гуфт Охун ҳамсарат ҳам дар дасти мост, бигузор ӯ гумон кунад, ки чун ҷавонмард ту ба ивази панҷоҳ ҳазор доллар ҷонашро мехарӣ. Ҳама мисли худат аблаҳ нестанд, мо намехоҳем, ки ин бонуи зебо гумон созад, ки замоне шавҳараш хабаркаши милиса буд ва бо гуноҳи вай се нафар ҷони хеш аз даст дода. Баъдтар бо ӯ худат гап хоҳӣ зад, аз доираи гуфтагиам берун набароӣ, ҳамсарат ҳеҷ гоҳ аз он кирдори пастат огоҳ нахоҳад шуд...
Ман худам аз сари чанбарак фаромада, дарвозаро кушодам ва сипас баргашта, мошинро вориди ҳавлии бӯстонсаро намудам.
Чун сайди овардаамон ҳанӯз беҳуш буд, бо амри Охун, ки худаш дарвозаро маҳкам намуда, барои кушодани дари бӯстонсаро рафт, ман ӯро болои дастонам гирифта вориди хона шудам. Вақте ки ман ӯро ба “оғӯш” гирифта ба хона даромадам, аз дидани ҷамолаш дилам фишурда шуд. Ӯро болои кат хобонда, қоматамро рост кардам ва он нигоҳи харидоромези бандаро дида Охун пурсид:
-Чӣ, ҳушат рафт магар?
-Байталчаи зебо будааст, - гуфтам ман.
-Ақлатро кор фармо, боз нашаваду ҳама корҳоро расво намоӣ.
Бо он маблағе, ки ман ба худат медиҳам, даҳто чунин байталчаро меёбӣ ва агар хасисӣ накунӣ, духтареро меёбӣ, ки очааш бӯсааш накарда бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор