Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Акнун ба берун рав ва ману байталчаро муҳофизат намо. Метавонӣ, гумонҳои ботилро дар ҳамин ҷо аз сарат дур намоӣ, чун ин кас (ӯ бо ангушташ ба тарафи ҷавонзан ҳанӯз беҳушхобида ишора намуд) ба мо лозим аст, дурусттараш ӯ дар дасти мо амонат аст ва ба амонат хиёнат намудан...
-Чаро хомӯш шудед.
-Ӯ суханашро бо ҳамин калима ба сомон расонд.
-Давом диҳед.
-Баъди бист дақиқа Охун ҳам баромад ва гуфт, ки байталча бо шавҳараш тариқи телефон суҳбат намуда, илтиҷо кард, ки ӯро тезтар наҷот диҳад. Пеш аз рафтан Охун калиди бӯстонсароро ба дасти ман дода гуфт, ки гоҳ-гоҳ аз аҳволи байталча хабар гирам, то боз нашаваду ӯ низ балоеро ба сарамон биёрад.
Соате пас аз рафтани Охун ман вориди бӯстонсаро шудам ва ӯро болои диван хоб дидам. Дар ҳамон ҷо фикре ба сарам омад, ва онро қариб кашфиёти аср донистам...
-Хуш, он чӣ фикре буд?
-Чун париваш масти хоб буд, сараввал ман тариқи телефони дасти ӯро аксбардорӣ намудам, сипас пероҳанашро аз танаш бурун овардаву дубора ӯро аксбардорӣ намудам. Баъди ин аз ӯ коми дил ситондаву худамро дар паҳлуяш расм гирифтам. Тайи ин муддат ӯ муқобилияте накард ва ман ба хулосае омадам, ки Охун ба вай ким-чӣ хел доруи беҳушӣ додааст...
-Яъне шумо худатон ҳеҷ гуна дору ба вай надодед?
-Не надодам.
-Мо шуморо гӯш намуда истодаем.
-Дар ҳоле ки ӯ нияти ба ҳуш омадан дошт, ман либосҳоямонро пӯшида аз он ҷо баромадам ва тайи ду рӯзи дигар умуман ба вай кордор нашудам, чунки намехостам нигоҳам ба нигоҳи вай бархӯрад ва ӯ дар нисбатам эътирозе намояд. Субҳи рӯзи дигараш Охун омад ва соате бо вай буд, чун аз он ҷо берун омад ва шикояте накард, ба хулосае омадам, ки ҷавонзан худро тани урён ҳам дида бошад, вале нахостааст асрори ниҳонашро ошкор созад. Баъди рафтани Охун ман сари ҳамин масъала хеле фикр намудам ва ҳиссаи хешро дар ин “бозии қисмат” ночиз дидам. Худ тасаввур намоед, ки аз даҳ як ҳисса. Ман ки ҳама корро кардам, аққалан бояд нисфи маблағро мегирифтам, вале баҳри эътироз намудан аллакай дер шуда буд.

пешина
аз 429
навбатӣ