Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Субҳи рӯзи сеюм Охун манро фиристод, то як мототсикли дучарха киро карда биёям. Вақте ки барои овардани мотосикл рафтам, сари қадам ба як дӯкони аксбардорӣ даромадам ва аз аксбардор хоҳиш намудам, ки акси зебое дорам ва мехоҳам онро барои тамоми умр ба мерос монам, чунки падару модари маҳбубам духтарашонро ба ман додан намехоҳанд. Ба ивази бист сомон ӯ ин амалро дар ҳузури худам иҷро карда, худи аксҳоро аз компютераш нест кард. Сипас ман як нусхаи он аксҳоро ба лифофае андохтам. Нусхаи дигарашро бошад, ба лифофаи дигар, то дар ҳолати зарурӣ аз онҳо истифода барам. Ман ҳамаи инро ба он хотир намудам, ки шавҳари зан тайёр буд баҳри халосии ӯ панҷоҳ ҳазор долларро қурбон намояд (ҳарчанд мақсад дар ин бозӣ дигар буд), пас чаро завҷаи номеҳрубони ӯ барои пос доштани асрори ниҳони хеш дусад-сесад долларро дареғ дорад.
Сипас, ман назди як шиноси деринаам рафтам ва мотосикли ӯро барои ду-се соат пурсидам, ҳарчанд пул гирифтан нахост, вале ман ба вай панҷоҳ сомонӣ додам, гуфтам, ки агар имрӯз аробаашро баргардонида натавонам, фардо ҳатман онро хоҳам овард.
-Бе боваринома чӣ тавр он мотосиклро гирифтед?
-Ман онро аз хонаи соҳибаш ҳамагӣ дар масофаи панҷсад метр дуртар бурда мондам, тоскулоҳро болои мотосикл ва калидро дар дохили қисми чармини тоскуллоҳ монда, худи мотосиклро дар пеши бозори “Баракат” гузошта, ба нафаре ки сабзи мефурӯхт, панҷ сомонӣ дода гуфтам, ки мотосиклро ба нафаре, ки номаш Шуҳрат ва насабаш Вазир аст, диҳад. Сипас ба Охун занг зада гуфтам ки мотосикл дар куҷост ва паролашро ҳам ба вай додам.
-Ин хел бошад, тезтар биё, то омаданат ман тарафҳои дигари корро дида мебароям. Ба таксие нишаста то наздикии Дарёобод рафтам ва аз таксӣ фаромада, баъди панҷ дақиқа ноаён худро вориди бӯстонсаро намудам. Охун гуфт, ки аллакай ба шавҳари зан занг зада супориш додааст, ки маблағро ба куҷо барад. Ман низ ба вай фаҳмондам, ки мотосикл дар куҷост ва ӯ пеш аз гирифтан бояд ному насаби хешро ба нафаре, ки сабзӣ мефурӯшад, гӯяд.
-Ту худро хор намудаӣ, Хачик, - гуфт Охун ва ман пурсидам ки чӣ хел хор. Охун гуфт, ки “ҷои ту барин мардони диловар дар идораҳои ҷосусист.” Сипас мо вориди бӯстонсаро шудем ва Охун боз ба шавҳари зан занг зада гуфт, ки аз куҷо халтаи селофанӣ бигирад ва ба кадом тараф ҳаракат намояд.

пешина
аз 429
навбатӣ