Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Бале. Ба наздикӣ як дугонаам баҳрам китобе ҳадя намуд, аз адабиёти классики Фаронса, бовар намоед беҳтарин асар дар мавзуи муҳаббат, агар нахонда бошед, онро мутолиа намоед.
-Муаллифаш кист?
-Муаллифаш дар ёдам нест, вале номи китоб “Дӯсти меҳрубон” аст. Афсӯс, ки ҳафтае пеш онро ба як рафиқам додам, вагарна имрӯз онро ба шумо медодам.
-Чун туҳфа?
-Не, албатта, баҳри истифодабарӣ. Хафа нашавед, китоб моли ман нест, дугонаам онро баҳри мутолиа амонат ба ман дод, ман бошам онро ба як рафиқам додам, ки хонаду онро тезтар биёрад.
-Ному насаби рафиқатон?
-Номаш Юсуф, бубахшед насабашро намедонам.
-Муносибати шумо дар кадом поя қарор дорад?
-Мо ҳамин хел шиносем, баъзан Юсуф аз ҳолу аҳволи мо хабар мегирад.
-Ӯ чикора аст?
-Ӯ тоҷир аст. Дар бозори “Корвон” дӯкони калоне дорад.
-Суроғааш?
-Чӣ Шумо аз Юсуф ҳам домангир шудед?
-Не, албатта.
-Пас ин ҳама пурсуҷӯйҳоро сабаб чист?
-Мехостам ҳамон китоби гуфтагиатонро гирифта хонам, - ин дафъа дурӯғ гуфтам ман.
-Дар қиссааш набошед, чун Юсуф китобро орад, ман албатта аз Саодат, рухсат гирифта онро ба шумо ҳам медиҳам.
-Саодат номи дугонаатон?
-Ҳа, бале.
-Ӯ чикора?
-Ӯ чевар аст, чевари гулдаст, панҷ панҷааш ҳунар.
-Чевар ва боз чунин китобхон?
-Ба андешаи Саодатбону “хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест”.
-Ба ростӣ, тарзе гап мезанед, ки худи ҳозир банда ба суроғаш меравам.
-Гумон намекунам.
-Чаро?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё