Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гуфт, ки мо ӯро дар болои кӯпруки Путовский хоҳем гирифт... Баъди ин Охун ба тарафи ман нигариста гуфт:
-Хачик, бонуро худат мебарӣ, ман бошам аз қафо назорат мекунам, рафту ягон хатареро ҳис кардӣ, хайр худат медонӣ...
-Хуб шудааст,-шеф гуфтам ман ва чашмони бонуро бастам, дастонашро ҳам бастам ва сипас ӯро аз бӯстонсаро боз дар оғӯш гирифта, то пеши мошин овардам...
Шеф гуфт, ки чун занги телефонии манро шунидӣ, ӯро дар ҳамон маҳали гуфтагиам мефарорӣ. Чун зан бо чашмону дастони баста дар курсии қафо мехобид, бе ягон мушкилот мо аз он маҳал берун шудем...
-Тамоми роҳ манро як андеша дар сар буд.
-Чӣ андеша?
-Оё расмҳои дар дохили лифофа бударо ба бону диҳам ё не.
Дар ниҳоди ман хайру шар даст ба гиребон шуданд ва чун банда аллакай пойбанди нафс гашта будам, ин даъфа низ пеши шайтони алайҳилаъна сар ба таъзим фуруд овардам...
Баъди ним соат Охун занг зада гуфт, ки корҳо ҳал шуданд ва мусофирро партофта, ба пеши меҳмонхонаи “Вахш” биёям. Вақте ки ҷавонзан аз мошин берун шуд, ман яке аз он лифофаҳои дар ҷайбам будамро ба дасташ дода гуфтам, ки то омадани шавҳарат, тамошо кун, гумон мекунам писандат меояд ва газро зер намудам.
Аз оина дидам, ки ӯ аз қафои мошин нигоҳ дорад, вале бандаро аз ин боке набуд, чунки рақами дар қафои мошин бударо ман гирифта будам...
Сипас ба пеши меҳмонхонаи “Вахш” омадам. Мо ба яке аз курсиҳои пеши фаввораи рӯ ба рӯи Театри опера ва балет нишастем. Охун бе ягон калому паёме аз сумкаи селофагии дар дасташ буда як коғазпечеро бароварда ба дастам дода гуфт, ин ҷо панҷ ҳазор ва боз бандаро ҳушдор сохт, ки мотосикл дар куҷост ва кай бояд рафта калидҳоро ба соҳиби бӯстонсаро баргардонам.
-Ин охирин дидорбинии мо мешавад. Акнун хуб мешуд, ки аробаатро ба ягон гӯшае пинҳон мекардию кори дигаре меҷустӣ...
-Агар рафту лозим шуда монед, шуморо аз куҷо ёбам.
-Ин хаёли хомро аз сарат дур намо, мо дигар назди ҳамдигар ягон уҳдадорие надорем, - гӯён ӯ аз дохили телефони дастиаш симкорташро бароварда, дар пеши ман пора-пора намуда ба оби зери фаввора ҳаво дод ва ба тарафи театр ҳаракат намуд...

пешина
аз 429
навбатӣ