Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Дигар ӯро надидед.
-Не.
-Давом диҳед.
-Ҳалқам қоқ шуд.
Ман аз сабуи шишагини дар болои миз буда як пиёла об рехта ба боздоштшуда додам.
Чун обро нӯшида пиёларо болои миз гузошт, муфаттиш ӯро ба давом додани нишондодаш ҳидоят намуд.
-Манро аслан ҳодисаи ба дасти бонуи гунаҳкор додани расмҳо ором намегузошт. Ҳарчанд дар давоми умр ман ба хатогиҳои зиёде роҳ додаам, вале ҳодисаи мазкурро сарахбори ҳамаи нокомиҳои минбаъдаам медонам.
-Кадом ҳодисаро? - сухани боздоштшударо бурида пурсид Нӯшини Азиз.
-Ҳодисаи ба шантаж даст заданамро...
-Мо гӯш мекунем.
-Тахминан баъди як ҳафтаи анҷоми ҳодисаи одамрабоӣ ман ба бонуе, ки гаравгонаш гирифта будем, занг зада, матлаби хешро рӯйрост баён намуда гуфтам, ки он аксҳое, ки дар дасти вай ҳастанд, аз нӯги хамир фатиранд.
-Шумо чӣ хел инсони пастфитрат будаед! - дод зад мусоҳибам, вале ман ҳам паст наомадам. Дар интиҳо ӯ розӣ шуд, ки яку якбора ба ман сесад доллар медиҳад ва ман ӯро ба гӯшаи фармӯшӣ медиҳам. Розӣ шудам ва гуфтам, ки маблағро кай ва дар куҷо гузорад.
-Дар куҷо бояд он маблағро мегузошт?
-Дар кӯчаи Пайрав Сулаймонӣ, 8, қуттии почтаи рақами 12.
-Гузошт?
-Бале ва ман он маблағро бе мамониат гирифтам. Сипас, суханони Охунро ба ёд оварда аз баҳри касби ронандагӣ гузашта, ба бозори “Мардикор” рафтам. Ин даъфа ҳам тақдир ба рӯям хандид ва ман бо Исмоили Мискин шинос шудам. Ҳафтае пас ӯ маро ба назди Зайдов бурд ва хоҳиш намуд, ки бандаро даст гирад.
Дар охирҳои моҳи сентябр ман бархилофи ваъдаи додаи хеш дубора ба нафаре, ки замоне асираи мо буд, занг зада, боз ҳамон маблағро талаб намудам.

пешина
аз 429
навбатӣ