Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Ӯ гуфт, ки ҳоло пул надорад ва як рӯз ба вай муҳлат диҳам. Сипас баъди гузаштани муҳлат ман боз занг задам ва вай гуфт, ки шояд дар дунё аз ман пасттар инсоне набошад. Маҳз ҳамин суханаш ба ман алам кард ва хостам аз ин амал даст кашам, вале хомӯшии банда ӯро ба таҳлука андохт, ки гуфт: “Аз дусад доллар беш маблағ ёфта натавонистам, вале агар шумо ваъда диҳед, ки дигар ба ман кордор намешавед розиям, ки ин дафъа ҳам онҳоро ба шумо диҳам.”
-Сухани мард якто, - гуфтам ман, ҳарчанд ман аллакай як маротиба онро шикаста будам.
-Шояд ҷавоби ахмақ сукутро ӯ ба ёд оварду ин дафъа эътирозе накард. Ман ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наовардам, ки ин дафъа вай бароям дом тайёр намудааст. Чун гуфтугӯ баъди намози шом сурат гирифта буд, ман нишонаеро, ки вай бояд маблағи талабнамударо мегузошт, барояш додам.
-Суроғаро гӯед.
-Зарафшон М-10, қуттии почтаи рақами бисту ҳашт.
-Соате пас ман ба он маҳала рафтам ва аз дур ҳам бошад, даромадгоҳи он биноро ба зери назорат гирифтам. Ҷавонзане, ки
40 тайи се рӯз мо васигиашро ба душ доштем, соати 21 дақиқа танҳо ба он ҷо омада, баъди як дақиқаи ба бино ворид шуданаш аз он ҷо баромад ва боз сари роҳи калон баромада, ба автобуси хурд нишаста рафт. Баъди ним соати дигар ман вориди бино шуда, қуттие ки рақамашро ба бону гуфта будам, тариқи отвёрка кушодам...
Мисли оне, ки бало аз таги по мехезад, касе таппончаро ба пушти сарам гузошта, гуфт, ки наҷунбам. Сипас, бо амри вай ман дастҳоямро бардоштам ва боз ба фарш дароз кашидам. Ӯ дастҳоямро ба қафо тоб дода, онҳоро бо скоч баст. Сипас маро аз ҷои бардошта, ба берун бурд. Гумон намудам, ки милиса аст ва баъди гирифтани хабар имконияти гирифтани наручник (дастбанд)-ро наёфтааст.
Ӯ бандаро ба курсии қафои мошин шинонида, ба пойҳоям ҳам скоч печонид, сипас даҳонамро ҳам бо порае аз он резини муъҷизанок бубаст ва худ сари чанбарак нишаста муҳаррикро ба кор даровард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор