Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Баъди даҳ-понздаҳ дақиқа мо аз шаҳр баромадем ва ӯ мошинро аз роҳ бароварда, скочи даҳони манро кушод ва телефонашро бароварда дар рӯшноии чароғи дохили мошин ба пурсиши банда пардохт. Ман баъди оне ки ӯ қавл дод, ки агар росташро гӯям, зинда мемонам, тамоми рафти ҳодисаҳоро баҳри ӯ кушодам.
-Кадом ҳодисаҳоро?
-Чӣ тавр ва ба кадом мақсад ба гарав гирифтани ҷавонзанро, бо ӯ чӣ тавр муносибат намуданамонро ва ҳиссаи ҳар кадоми мо дар он бозӣ.
-Номи Охунро ба вай гуфтед?
-Дар замоне ки нӯги таппонча ба сӯят аст, чӣ кор карда ҳам метавонед.
-Баъд чӣ шуд?
-Ӯ гуфт, ки туро ба ҷуз ҳиссаи хешро ба ман додан чорае нест.
Гуфтам аз он маблағ як тангааш намонда. Ин хел бошад, туро ҳозир ба милиса бурда месупорам ва ҷавонзане, ки гаравгонаш гирифта будӣ, фардо бо аризаи хеш ба он ҷо ҳозир мешавад.
Илтиҷо намудам, ки ҳаргиз ин корро накунад ва чӣ хеле ҳам набошад, ман дар давои як моҳ маблағи гуфтаашро ҷо ба ҷо мекунам.
-Муҳлати охирин якуми ноябр, дар сурати ҷо ба ҷо накардани маблағ ман ҷавонзани ҷабрдидаро гирифта рӯзи 2 ноябр ба милиса меравам, инро ман ба ту ваъда медиҳам, - гуфт ӯ ва манро аз мошин фароварда, дастонамро кушода худ мошинаашро ба роҳ дароварда рафт...
Ҳар гоҳ ки телефон занг ё касе ба дар ангушт мезад, мӯӣи баданам рост мешуд. Акнун ҳар қадар он санаи “таърихи” наздик мешуд, ҳамон қадар вазъи кунунии банда бадтар мешуд. То нимаи аввали моҳи октябр ман кию чӣ будани шантажистро муайян намудам ва ҳар он чӣ дар ин ҷода ба даст овардам, қобили қабул буд. Ман фаҳмидам, ки нафаре ки бандаро, барои таҷовуз намудани номуси зане гунаҳкор кардан мехоҳад, ба сари чандин паривашон оби хунук рехта. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб гардиду ман маълумоти бештареро дар бораи вай ва ҳамсояаш харидам.
-Чӣ хел маълумотро харидед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор