Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Аслан аз чашми мардум ягон чиз пинҳон намемонад ва чун нафаре таваҷҷуҳи бандаро дар атрофи он ду ҳамсоя фаҳмид, гуфт, ки дар ин бора баъзе миш-мишҳо ҳаст. Ба дасти вай панҷоҳ сомонӣ дода гуфтам, ки агар маълумоти саҳеҳтаре пешниҳод карда тавонад, ҳисоб намояд, ки сад доллари амрикоӣ ба кисааш даромад.
-Ин тавр бошад он доллари ваъда кардагиатро ба дасти ман деҳ, - гуфт мусоҳиби хабаркашам.
Чун банда қавл дода будам, он маблағро бароварда ҳамоно ба дасташ додам. Ӯ гуфт, ки ҳар замоне, ки шавҳари зан ба хориҷи кишвар меравад, он мард шабҳоро дар хонаи вай рӯз мекунад.
Далел хостам. Вай гуфт, ки дар хонаи рӯ ба рӯ хушдоманаш зиндагӣ мекунад ва чун ӯ роҳ гашта наметавонад, доимо бо аробачааш назди тиреза истода аз воқеаҳои берун огоҳ шудан мехоҳад. Маҳз ӯ аз забони ҳамсараш ва ҳамсараш аз забони модараш шунидааст, ки ҳамон муаллим дар ҳолати набудани шавҳари зан шабҳо ҳамроҳи ӯст ва ҳар шаб ӯ ду се-маротиба ба айвон (балкон) баромада, тамоку мекашад. Ҳам чунин он мард ба ман кафолат дод, ки шавҳари зан боре ҳам тамокуро ба лаб нагирифтааст.
-Баъд чӣ шуд? - боз мусоҳибашро ба сухан гуфтан водор намуд Нӯшин.
-Рӯзи 20 уми октябр Аброр Воҳидович бандаро барои овардани бор, дурусттараш барои овардани нафаре, ки бояд борро меовард, ба ағбаи Аспандоз, воқеъ дар қаторкӯҳи Пётри 1 ва Дарвоз фиристоданӣ шуд. Чун дар ағба аллакай ҳаво сард буд ва шояд шаб истодан лозим меомад, ӯ ба ман нишонаеро дод, ки барои муҳофизати худам аз дарандаҳо метавонам яроқ гирам ва баъди иҷрои амалиёт он яроқро боз ба ҳамон пинҳонгоҳ гузошта баргардам. Ҳамин як сухан шуълаеро дар дили банда бедор намуд ва банда бо камоли майл таклифи шефро пазируфта омодаи сафар шудам.
Субҳи рӯзи 21 октябр ман ба роҳ баромадам ва ҳамон бегоҳ ба ағбаи Аспандоз, дурусттараш ба деҳаи охирине, ки дар зерпояи ағбаи мазкур воқеъ гардида буд, расидам. Тахминан бист км пеш аз расидан ба ағба аз рӯи нақшаи дар дастамбуда автоматро ҷустуҷӯ намудам ва баъди ним соати ҷустуҷӯиҳо онро аз зери шӯхпорае дарёфтам.

пешина
аз 429
навбатӣ