Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Чун автомат латтапеч кардаву ба халтаи селофание гузошта шуда буд, ба вай осебе нарасида буд.
Мошинро дар деҳаи охирон назди ҳавлие гузошта, латтапеч ва лингчаи сафариамро гирифта, ба тарафи ағба ҳаракат намудам, чун шаб буд, касе аз ин амалам воқиф нагашт ва баъди ду соат ба болои ағба баромадам. Чун ниҳоят монда шуда будам, аз алафҳои хушк баҳри хеш дар мавзеи шамолпаноҳе бистар густурда дароз кашидам. Ба ҳар ҳол автомат, ки дар паҳлуям буд, як қувваи бузургеро эҳсос карда, сари ҳодисаҳои охир андеша намудам.
Ман худ фаришта нестам, вале нисбат ба нафаре, ки нони ҳамсоя хӯрдаву ба намакдонаш туф карда буд, нафратам дучанд шуд. Аз хунукӣ бошад ё сари ҳамин андешаҳо, ки хоб чашмонамро тарк намуд ва мавҷи хаёлотам дар шаби тор аз ҳамон ағбаи хунук ба водиҳо, дурусттараш, ба шаҳр парвоз намуд. Чун ман дар атрофи нафаре, ки ҳиссаи бандаро соҳиб шудан мехост, маълумот гирд меовардам, тақдир бандаро бо шавҳари ҳамон зан ҳам рӯ ба рӯ кард. Ман он ҷуфти номеҳурбонро аз дур дидам. Ҷавонзан аз зери бағали мард гирифта якҷоя аз бино берун шуданд. Чун рӯз буд, ҳоҷат ба тафсир ҳам набуд, чунки ҳаргиз зан дар рӯзи рӯшан дасташро зери бағали марди бегона намеандозад. Дили ман ба ҳоли он мард, ки панҷоҳ ҳазор долларро қурбони озодии завҷааш (ҳарчанд ӯ ба дигар хотир он маблағро) пардохт намуда буд, сӯхт.
Ӯ шояд ба гӯшаи хотир ҳам намеовард, ки ҳамсараш дар набуданаш оғӯши дигареро гарм мекунад. Бубин, як хато ба мард чӣ кард? Ба ивази як хабар панҷоҳ ҳазор доллар. Ба ақлу заковати Охун дар ҳамин шаби сард аҳсант гуфтам. Ман акнун намедонистам, ки Охун дар куҷост. Ӯ барои ман саропо муаммо буду муаммо монд, вале боре ман шавҳари занро дар ҳузури Аброр Воҳидович дидам. Пас аз рафтанаш аз эшон пурсидам, ки вай меҳмон кӣ буд, гуфт як шиноси деринаам. Ба наздикӣ ба ӯ бист ҳазор доллар қарз дода будам ва омада буд, ки муҳлати бозгардондани қарзро дарозтар намояд. Чун шиноси деринаем, чӣ ҳам мегуфтам... Дар шаби торику ағбаи сард ман дар атрофи хабари ба ивази сад доллар гирифтаам ва қарзи додаи Аброр Воҳидович андеша намуда, ба хулосае омадам, ки ба ҷуз шавҳари ҷавонзанеро, ки ошиқашро чун балои ногаҳонӣ ба сарам фиристода буд, ба хориҷи кишвар фиристодан дигар чорае нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор