Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Сардии сахтро ҳис намуда, аз ҷой бархестам ва қисме аз бистари густурдаамро оташ задам, ки шуълаи он дар ағбаи бефарёд ба қисми дуюми андешаҳои банда асос гузошт.
-Он чӣ гуна андеша буд?
-Ҳамон бистари мулоим дар як лаҳза ба муште аз хокистар табдил ёфт. Ман дар ҳамон лаҳза симои рақибамро, ки ҳиссаи бо баҳои ҷон ба даст овардаамро пурра нияти аз худ кардан дошт, пеши назар овардам. Ман ба ёд овардам, ки чаро ҷавонзан аз болои банда ба шавҳараш не, балки ба ҳамсоя муроҷиат намудааст, чунки онҳо ҳарду мунис ва роздони якдигар буданд. Рафту агар муҳлати муқаррарнамудаи шантажист ба поён мерасид, ӯ баҳри иҷрои амалҳои нопоки хеш аз ягон чиз рӯй намегардонд ва бандаро ба милиса мефурӯхт. Мегӯянд, ки битарс аз он ки ӯ натарсад аз Худо ва дар ҳақиқат ӯ марди Худоношинос буд, вагарна бояд андешаи нону намаки ҳамсоя мекард. Чун ӯ бо ҳамсояи хеш чунин амалро раво дид, пас куҷо буд он кафолате, ки ӯ бандаро ба ҳоли хеш гузорад. Ман афсӯс бар он хӯрдам, ки Охун нишониашро бароям нагузошт, вагарна бо вай маслиҳат намуда, чораи ӯро низ медидем, вале баҳри ин андешаҳо дигар вақт набуд ва банда танҳо ба қувваю бозуи худам такя карда метавонистам. Дар армия ман нишонзани хубе будам ва акнун ки автомат дар даст доштам, чаро онро баҳри ҳимояи хеш истифода набарам?
Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ гуфтанд.
Ман аз ҷой бархеста боз алафҳои хушки атрофро оварда, болои он мушти хокистар гузоштам ва шамоли ағба аз ҳамон шуълаи хурди болои хокистар монда алангаи бузургеро ба бор овард ва боз гирду атроф рӯшан шуд...
39 Аз чӣ бошад, ки ин даъфа кинои Шурик ба ёдам омад, ки чӣ тавр ба хотири ишқ Сааков ӯро ба беморхонаи касалиҳои руҳӣ фиристод ва бо чӣ азобе Шурик он ошиқи пирро ба суд кашид.
Суханони гуфтаи Сааков ба тағои духтараки донишҷӯ дар гӯши ман. “Ё ман вайро ба ЗАГС ё ӯ маро ба прокуратура мебарад” садо медоду садо...
-Корнамоиҳои хешро бо филмҳои бадеи қиёс намуданат чӣ маънӣ дорад,-гуфтам ман, новобаста аз он ки мақсади аслии
Филми бадеии “Бандии Қафқоз” дар назар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор