Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

боздоштшударо дарк намуда будам, вале мехостам ӯ мақсаду мароми хешро рӯшантар баён намояд...
-Маълум, ки шумо он филми дар ҳақиқат баландғояро тамошо накардаед, - қариб бо як андуҳу надомат гуфт Турсуни Маҳмуд.
-Чӣ шумо Матлубаи Гурезро чун Сааков нияти ба ЗАГС бурдан доштед? - киноя задам ман.
-Ҳаргиз. Мақсаду мароми банда аз ба ёд овардани филми бадеии “Бандии Қафқоз” ин роҳи ягонаи корро ёфтан буд. Дар он филм чун Сааков духтарро ба ЗАГС бурда натавонист, қонун ӯро ба курсии айбдорӣ кашид. Дар ҳодисаи ба сари банда омада ҳам айнан чунин амал рух дод.
Ҳамон шаби сард, дар ағбаи Аспандоз дар назди гулхани аз алафҳои хушк фурӯзон намудаам ман худро назди гулхан не, балки дар дохили нақбе тасаввур намудам, ки аввалу охираш ноаён аст ва баҳри аз он варта баромадан ҷонро ба каф гирифтаву ҳаракат бояд кард. Дар рӯшноии гулхани фурӯзон нигоҳи ман боз ба ҳамон автомат афтид. Ҳамин як нигоҳ шуълаеро дар ниҳоди банда чун нур дар охири нақб рӯшан кард ва ман ба хулосае омадам, ки агар бо шантажист ҳисобамро баробар накунам, ӯ бандаро як умр пайгирӣ хоҳад кард. Инро ман аз ҳисоби корнамоиҳои хеш мегӯям.
Рафту агар ман бо ҳамон сесад доллари бори аввал гирифтаам қаноат мекардам, ба доми он нокас намеафтидам ва ба гумон буд, ки ӯ низ бо гирифтани ҳамон панҷ ҳазор доллари гирифтааш қаноат мекард. Иштиҳо дар таги дандон мегӯянд. Ҳарчанд ман кӯшидам роҳи сеюмро надидам. Сари субҳ аз автомат се тир задам ва ҳар сеяш ҳам ба нишон расид. Баробари фарорасии шом, чун муҳлати муқаррарнамудаи интизорӣ ба анҷом расид, ман аз ағба фаромадам ва субҳи рӯзи дигар ба назди хонаи Зайдов расида, ӯро аз наомадани курер огоҳ намудам.
-Автоматро боз ба ҷояш гузошта омадӣ?-пурсид Аброр Воҳидович.
-Он рӯз мошин дар минтақаи Нуробод вайрон шуд ва ба маҳале, ки шумо нақшаашро ба ман дода будед, баъди торикшавӣ расидам. Чун аз вохӯрӣ дер мемондам, дигар дар он маҳал наистодам, медонед дар ҳамон лаҳза боз ҳам суханони шуморо дар бораи дарандаҳо ба ёд овардам, вале наметавонистам то оғози субҳ он ҷо монам. Ҳамон шаб ба ағба баромадам ва дишаб баъди пурра адо шудани муҳлати таъиннамудаи шумо он манзилро тарк намудам.

пешина
аз 429
навбатӣ