Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Муҳим он аст, ки сиҳату саломат баргаштӣ ё чӣ хеле ки мегӯянд, сар амон бошад, кулоҳ ноёб нест. Акнун рафта ду рӯз истироҳат намо, субҳи пасфардо боз ҳамин ҷо шав.
-Хуб шудааст, - гӯён ман ба Зайдов худоҳофизӣ намудам.
Тайи он ду рӯз ман имконияти пурра ёфтам, ки ҳодисаи дар пеш истодаро ба таври бояду шояд дар мизони ақл баргузорам, вале чӣ хеле, ки гуфтам роҳи сеюмро надидам...
Субҳи рӯзи 25 октябр ман боз ба назди Воҳид Аброрович рафтам, вале ӯ гуфт, ки то кунун масъалаи гузаронидани бор ҳалли хешро наёфтааст. Дар нимаи дуюми рӯз Исмоили Мискин ва нафаре, ки аз шеф бист ҳазор доллар қарз гирифта буд, боз ба наздаш омаданд. Маълум буд, ки дар он тарафи сарҳад мондани бор на танҳо Зайдовро, балки он ду нафарро ҳам ба изтироб овардааст. Ҳарчанд ман дар суҳбати онҳо иштирок надоштам, вале ҳангоме, ки аз таги тиреза ба тарафи боғи пушти ҳавлӣ мерафтам, ки гуфтугӯйи онҳоро шунидам.
-Чиро шунидед? Хуб мешуд он суханонро ба ёд меовардед.
-“Баъди як ҳафта ё шояд каме бисёртар, дигар аз тариқи ағбаи “Аспандоз” гузаронидани бор бинобар барфу борон ва хунукии сахт мушкил мешавад ва бояд чорае андешид.”
-Ин суханонро кадоме аз онҳо гуфт?
-Ба фикрам Исмоили Мискин.
-Боз онҳо чӣ гуфтанд?
Чун рӯз буд, ман наметавонистам дар таги тиреза истода, суҳбати онҳоро гӯш намоям. Соате пас шеф ҳарду меҳмонашро гусел намуд ва Исмоили Мискин бори дигар ӯро ҳушдор сохт, ки чун барфу борон сар шавад, иҷрои корҳо ҳам душвортар хоҳад шуд.
-Қарздори шумо бо амаки Исмоил ҳам дӯст будааст? баъди рафтани онҳо пурсидам ман аз Зайдов.
-Амаки Исмоилат дӯсти падари вай аст ва эшон ӯро низ хеле даст гирифта...
-Аз он чи ки шумо аз ағба дасти холӣ баргаштед, Зайдов хафа нашуд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор