Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Аз дасти банда ҳарчи омад, иҷро намудам, боқӣ иҷрои кор дигар ба ман вобастагие надошт.
-Чӣ хел?
-Ҳар кор қонунҳои нонавиштаи хешро дорад ва дар ҳолати сарфи назар намуданашон мушкилоти зиёдеро ба бор оварданаш мумкин.
-Дар амале ки шумо ба он даст зада будед, моҳияти он қонуни нонавишта дар чист?
-Аз лаби соҳили дарёи Ому то ба ағбаи Аспандоз ҳамагӣ барои шахси пиёдагард шаш соат роҳ аст. Рафту агар бор бе мамониат аз сарҳад мегузашт, курер бояд баъди шаш соат бо ҷамъу тарҳи ду-се соати дигар ба ағба мерасид. Албатта, ҳолатҳои ноаён ҳам дар рафти амалиёт ба инобат гирифта мешавад. Аз ҳамин лиҳоз боз муҳлати интизорӣ ҳамин миқдор соат зиёд карда мешавад, яъне нуҳ ҷамъи нуҳ соат ва чун дар рӯшноӣ бо халтаи бор ба деҳа фаромадан ғайриимкон буд, бояд торикшавии рӯзро интизор мешудем. Чун дар вақти таъиншуда бо иловаи вақт барои торикшавӣ курер пайдо нашуд, аз рӯи дастури гирифтаам шабона ман аз кӯҳ фаромадам ва чӣ хеле гуфтам, сари субҳ дар ин бора ба Зайдов хабар додам. Ӯ гуфт, ки дуруст намудӣ, ки баргаштӣ, чунки шаби гузашта байни бародарони мо ва сарҳадбонон тирпаронӣ шудааст, шукр ки талафоти ҷонӣ нест, вале бародароне, ки бояд борро мегузарониданд, ба дарунтари давлати ҳамсоя ақибнишинӣ кардаанд...
-Боре, ки ба хотири он ба кормандони БДА итоат накардед, аз ҳамон партия буд?
-Намедонам.
-Мӯйсафедеро, ки халтаи борро ба мошин гузошт мешиносед?
-Не.
-Агар ӯро бинед-чӣ?
-Намедонам.
-То ҷое, ки мо фаҳмидем, Мирзои Абдураззоқро худи шумо ба он дунё фиристодед.
-Инкор намекунам.
-Ҳамин хел ба осонӣ гуноҳро ба гардан гирифтед, ки шубҳаро дар ниҳоди мо бедор намудед.

пешина
аз 429
навбатӣ