Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Чунки шумо милисаед, на Ҷорҷ Дюруа.
“Эй Аёс, қадри худ бишнос, чоруқой бобат дар тори кос,” - ба ёд овардам мақоли халқиро дар лаҳҷаи мардуми Дарвоз ва мисле оне, ки ба сарат оби хунук рехта бошанд, вуҷудам яку якбора сард гашт. Ба ростӣ, одами новобаста аз мақому манзалаташ баъзан чунон ба эҳсосот дода мешавад, ки дар куҷо буданашро фаромуш, месозад. Банда ҳам лаҳзае пеш дар чунин аҳвол афтидам, вагарна ки гуфтааст, ки корманди милиса бо гумонбаршуда (ҳарчанд ӯ гумонбаршуда ҳам набошад) сари чунин баҳс қарор гирад.
-Албатта мо куҷою Ҷорҷ Дюруа куҷо,- ниҳоят гулӯ рӯшан намуда гуфтам ман.
-Рафту агар хафа шуда бошед, ман метавонам суроғаи Саодатбонуро бароятон диҳам.
-Лозим нест.
-Корхонаи онҳо дар аввалҳои кӯчаи Айнист.
Ман тарзе вонамуд, намудам, ки гӯё чизеро нашунидам ва дар куҷо будани он корхона ҳам бароям чандон муҳим нест. Ниҳоят баъди хомӯшии на чандон зиёде гуфтам:
-Шумо худ дар кадом вазъият буданатонро албатта дарк намудед. Номи нек барои инсон аз ҳама гуна дороии дунё қиматтар аст, ва мо намехоҳем, ки баъди ҳама он ҳодисаҳои ба саратон омада касе номи насаби шуморо бо бадӣ ба забон орад. Гуфтам-ку, ин ҳама то ҳамон лаҳзае давом хоҳад, кард, ки қотил ва ё фармоишгари аслӣ дар озодӣ ҳастанд.
-Охир ман чӣ кор кунам, наход ба суханони банда то кунун боварӣ надоред?
-Боварӣ дорам, вале шумо ҳам бояд моро фаҳмед. Чӣ хеле ки гуфтам, чунин ҷиноятҳо бе мақсади муайян сар намезананд. Чун Мирзои Абдураззоқ миллионер набуд ва ӯро сармояе дар ниҳодаш нест, мо наметавонем гӯем, ки вайро барои дороияш куштанд.
-Шояд дар ҷойи кораш садди роҳи касе шудааст.
-Ӯ дар донишгоҳ ҳам ягон вазифа надоштааст, на сарвари факулта буду на мудири кафедра.
-Аз ин бармеояд, ки...
-Суханатонро набуред, хоҳиш мекунам, суханатонро набуред.
-Аз ин бармеояд, ки ӯ боз домони кадом як гесубуридаи роҳгумзадаро доғдор намудааст, ҳамин тавр?

пешина
аз 429
навбатӣ