Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Чӣ хел шубҳа?
-Метарсем, ки шумо ба хотири дигарон шуда гуноҳро ба гардан нагирифта бошед.
-Ман ин корро на ба хотири онҳо намудам ва на ба хотири шумо.
-Яъне...
-Ман зистан мехоҳам, рафту агар дар озодӣ монам, онҳо маро намебахшанд, беҳтар аст ки дар маҳбас бошам. Агар умр боқӣ бошад, боз дида ба дидор мерасад, вале аз гӯристон то кунун касе барнагаштааст.
-Мо бошем, намехоҳем нафари бегуноҳро (ҳарчанд шумо бегуноҳ зам нестед, чунки ҳамон маводи мухаддири аз бордони мошини рабудаатон ёфтшуда барои ба маҳкама кашинадатон кифоя аст, вале барои қасд ба ҷони инсон намудан дараҷаи ҷазо дигар аст) паси панҷара шинонем.
-Яъне ки шумо андешаи онро доред, ки қотили Мирзои Абдураззоқ ман нестам.
-Ҳамин хел.
-Ман бошад ҳақиқатро гуфтам, бовар накунед ҳам, ихтиёратон.
-Чун шумо ба тафтишот ёрӣ дода истодаед, мо мехоҳем собит намоед, кӣ чӣ тавр Қиёми Абдулхайрро ба хориҷи кишвар фиристодед.
-Чӣ хеле гуфтам, ман бояд то рӯзи якуми ноябр ҳамаи он маблағи аз Охун гирифтаамро ба Мирзои Абдураззоқ медодам, дар акси ҳол ӯ бо ёрии маъшуқааш маро чун таҷовузгар ба номуси зан ба милиса медод. Шумо дар аввали суҳбат хуб гуфтед, ки нигоҳи аҳли маҳбас нисбати онҳое, ки ба номуси ҷинси латиф таҷовуз намудаанд, чандон хуб нест, пас чаро ман интизор мешудам, ки онҳо маро бо ҷурми чунин гуноҳ ба маҳкама кашанд. Ба замми ин, ман автомат доштам, автомате ки дар кӯҳ пинҳон карда шуда буд. Аз толеъи пасти банда Қиёми Абдулхайр ҳам ба хориҷа рафтанро ба гӯшаи фаромӯшӣ дода буд. Бинобар ҳамин шаби 30 ва 31 октябр ман аз телефонавтомати сари кӯча бо гузоштани рӯймолча ба болои гӯшаки телефон ба Зайдов занг зада гуфтам, ки як марди хайрхоҳи вай ҳастам ва аз рӯи дӯстӣ ӯро огоҳ мекунам, ки дар давоми бист соат қарзҳояшро аз Қиёми Абдулхайр пас гирад, чунки гурӯҳе барои аз байн бардоштани вай аллакай фармон гирифтаанд ва ин амр тайи сию шаш соати охир амалӣ карда мешавад...

пешина
аз 429
навбатӣ