Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Нозим Ятим ном шахс ҳам аз амалиёти дар пешистодаи қочоқчиёни маводи мухаддир ба милиса хабар дод, оқибат сарашро хӯрд.
-Чӣ хел фаҳмиданд, ки ӯ ба милиса хабар додааст?
-Милиса ҳам инсон аст, нафс дорад ва чун расми ҷаноби Линколнро (доллар дар назар аст) дид, оби даҳонаш мешорад ва аз савганди додаи хеш ба Ватан фаромӯш мекунад, хушбахтона чунин ашхос ангуштшуморанд, вале ҳастанд, - нуқтаи назари хешро аз нигоҳи мантиқ баён намуда гуфт Зайдов.
-Давом диҳед,-дар суханрони таваққуф намудани боздоштшударо дида гуфт муфаттиш.
-Дар ихтиёри ман боз ду шаб вақт буд ё ман ӯро ба он дунё мефиристодам ё ӯ маро ба милиса.
Ман ки аллакай аз одатҳои тамокукашии вай огоҳ будам, ба хулосае омадам, ки бармаҳал ба он мавзеъ рафтан ин баробари ба пои хеш теша задан аст, бинобар ин расо соати бистусе ба он ҷо рафтам ва долони хонаи Қиёми Абдулхайрро ба зери назорат гирифтам. Тахминан баъди як соат ӯ ба долон баромад, вале чун дар гирду атроф ҳанӯз рафтуомад давом дошт, ман таваккал накардам.
-Аз куҷо медонистед, ки Мирзои Абдураззоқ дар хонаи Қиёми Абдулхайр аст?
-Дили ошиқ мисоли гурги гурусна аст, чӣ тавр ӯ метавонист чунин як имконияти хуберо аз даст диҳад. Ба замми ин, тайи ин як моҳ ман дар бораи вай маълумоти кофие гирд оварда будам, ман медонистам, ки ӯ Дон Жуани гузарост ва бо кирдори беақлонаи хеш чандин оилаҳоро вайрон намудааст.
Тахминан баъди соатҳои як-якуним дигар дар кӯча пашша пар намезад ва банда мошинро ба самти роҳи калон бурда, зери дарахти маҷнунбеде гузошта, худ боз ба ҳамон мавзеи пештараам баргашта, дар байни гаражҳо панаҳ бурдам. Ҳамаи ин рафтуомади банда на беш аз се дақиқа вақтро гирифт. Боз ду соати дигар ҳам сипарӣ шуд, вале ҳеҷ не ки шоҳ аз паҳлуи моҳ бархезад. Чун то оғози рӯз ҳоло вақт буд, бандаро ба ҷуз интизорӣ чораи дигаре намонда.

пешина
аз 429
навбатӣ