Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман ҳар замон ба соати дар дастам буда, ки рақамҳои нишондиҳандаашро фосфор, рӯшан мекард нигариста, қариб буд ки умедамро кандам. Бори охирин
18 вақте ки ман ба соат нигаристам, ақрабаки он 04 дақиқаро нишон медод. Ба беиродагии хеш нафрат хондам, ки даъфаи аввал ӯро сари як тир қарор надодам. Аҳд намудам, ки агар то
30 соати 04 дақиқа вай набарояд, маҷбур мешавам иҷрои амалиётро ба шаби дигар гузорам. Аммо баъди гузаштани ду-се дақиқа чароғи хонае, ки ба долон мебаромад, фурӯзон гашт.
Ман яроқи кайҳо тайёр намудаамро гирифта, аз байни гаражҳо баромадам. Ин даъфа ман ба тарафи рости гаражҳо гузашта, интизори баромадани сайд шудам. Хайрият ӯ баромад ва тамоку даргиронд. Намедонам дар он лаҳзаҳои ҳассос ӯ сари кадом андешаҳо буд, вале банда имконияти пурраи ба нишон гирифтани вайро пайдо намудам ва қафаси чапи синаашро ба нишон гирифта, кулангро зер намудам...
-Ҳоло автомат дар куҷост?
-Баъди ду рӯз ман онро бурда, дар ҳамон ҷои аввалааш гузошта баргаштам.
-Нақши ангуштонатонро дар он ёфтан мумкин аст?
-Намедонам, чунки пеш аз пинҳон намудан ман онро тоза намуда будам.
-Чӣ хел шуд, ки ба Бишкек нома фиристодед?
-Сари субҳ ман ба кор рафтам ва Зайдов гуфт, ки дар ҳақиқат қотил мақсадашро амалӣ намудааст ва қариб буд, ки банда ба он занги телефонӣ бовар накунам. Аз ҳама аҷибаш ин ки қотил ба хато роҳ дода, синаи нафари дигареро сӯрох намудааст.
-Чӣ хел? - ҳайрон шуда пурсидам ман.
-Дар долони хонаи Қиёмиддин ҳамсояашро паронданд, - гуфт Аброр Воҳидович.
-Ӯ дар он ҷо чӣ меҷустааст? - аз пештара дида ҳайронии хешро нишон дода пурсидам ман.

пешина
аз 429
навбатӣ