Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Дар соати чори шаб дар долони ҳамсоя чӣ меҷӯянд? - ба саволам бо савол посух дод Зайдов.
-Шояд ӯ дузд будааст?
-Чӣ дузд бо либоси такпӯш ба хонаи бегона меравад?
-Пас ӯ чӣ меҷустааст?
-Муҳаббат, мефаҳмӣ, муҳаббат. Акнун ин ҳамаро ба Қиёмиддин хабар додан лозим. Бигузор фаҳмад, ки ҳамсари бевафояш дар набуданаш бо ҳамсоя ишқварзӣ мекардааст.
-Шеф, ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чӣ тавр шахси ба шумо зангзананда аз мақсаду мароми қотил огоҳ шудааст.
-Ӯ ба хотири эҳтиромаш нисбати банда ба ман занг зада гуфт, ки қарзи додаамро пас гирам.
-Ман боз пурсидам, ки аз ҳодисае, ки ба Қиёми Абдулхайр пул додед, чанд кас хабардор аст ва чаро аз онҳо напурсем.
-Ин ғайриимкон аст. Аз додани қарз нуҳ-даҳ нафар дӯстони банда хабардор буданд, вале онҳо ба ҷуз як ё ду нафарашон ҳама дӯстони нонианд, мефаҳмед.
-Албатта.
-Акнун тасаввур намоед, ки ҳар кадоми дӯстони банда боз дӯстони хешро доранд ва, бешак, дар бораи қарзи гирифтаи Қиёми Абдулхайр, ки яке аз нишонаҳои муфлисшавӣ дар тиҷорат аст, бо камоли майл нақл намудаанд... Умуман он асрореро, ки ду кас донист, вай дигар асрор нест. Акнун худат аз пайи ҳосили боғ шав, фардо тайёраи навбати ба Бишкек мепарад. Ман бояд аз рафти ҳодисаҳо Қиёмиддинро хабар намоям. Дигар чӣ шуду чӣ не, ман хабар надорам.
-Дар бораи Охун каме маълумот медодед.
-Чӣ гуна маълумот?
-Ӯ чӣ гуна шахс аст, умуман шакли зоҳириаш.
-Ӯ марди тахминан ҳамсинну соли шумо, қади аз миёна боло, ангуштони дарози пурқувват, дар болои абруи чапаш холи сиёҳи на чандон калоне дошт...
-Марҳамат, протоколро хонда онро бо имзои хеш тасдиқ намоед, - гӯён муфаттиш протоколро назди Турсун Маҳмуд гузошт.

пешина
аз 429
навбатӣ