Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун боздоштшуда протоколро хонада имзо гузошт, мо бо ӯ худоҳофизӣ намудем ва ду милисаи ба “истиқболаш” омада ӯро гусел намуданд...
-Дузд як касу гумонбар сад кас,-баробари аз дар баромадани боздоштшуда гуфт муфаттиш.

  • Зиндагӣ, пасту баландиҳо дорад...
    -Чун гирдбод дар атрофи ин ҳодиса мо ҳам хеле давр задем, агар дар ёдатон бошад, рӯзи 1 ноябр чӣ гирдбоде буд гуфт,- Нӯшини Азиз.
    -Дар ёдам ҳаст, - гӯён ман аз ҷой бархестам. Вақте ки мо ба берун баромадем, шаб бо тамоми ҳастияш ҳукмфармоӣ дошт...

Ба ҷои эпилог
Субҳи рӯзи дигар мо Аброр Зайдовро мавриди пурсиш қарор додем ва баъди шаш соати пурсиш ӯ иқрор шуд, ки бо гуноҳи Нозим Ятим панҷ сол пеш ӯ на танҳо 50 кг маводи мухаддир, балки амакбачаашро низ аз даст дод. Зайдов гуфт, ки хабарро оид ба шикасти амалиёт баъди як ҳафтаи ҳодисаи рухдода тариқи телефон гирифтааст.
Ба саволи тафтишот, ки ҳодисаи гирифтани хабар чӣ хел рух дод, Зайдов чунин посух дод:
-Як ҳафта баъд аз ҳодисаи ба сари амакбачаам Кироми Алидод омада нафаре ба ман занг зада гуфт, ки ба ивази ҳазор доллар тайёр аст номи нафареро, ки дар шикасти амалиёт саҳм гузоштааст, ба ман ифшо намояд. Чун ман розӣ шудаву маблағи талабнамудаи ӯро ба ҷои гуфтааш гузоштам, баъди як шабонарӯз ӯ боз ба ман занг зада гуфт, ки ҳамаи далелҳои хабаркашро ба қуттии почтаам гузоштааст. Соате пас дар танҳоӣ ман ҳама он сабтҳоро гӯш намудам ва ҳарчанд дар ду суҳбат овозҳо гуногун буданд, вале ба хулосае омадам, ки хабаркаши асоси дӣсти худам Нозим Ятим аст. Чун Киром боре ба ман як автомат аз он тарафи соҳил оварда буд, бо ҳамон туҳфаи амакбачаам ман на танҳо хунбаҳои ӯ, балки зарари моддиеро, ки дӯстам ба сарам оварда буд, ҷуброн намудам...

пешина
аз 429
навбатӣ