Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Баъди ду рӯз мо бо ҳамроҳи Зайдов ва Турсун Маҳмуд дар алоҳидагӣ ба маҳале рафтем, ки пинҳонгоҳ воқеъ буд ва ҳарду ҳам бе дахолати якдигар дар алоҳидагӣ он пинҳонгоҳро нишон дода тавонистанд ва мо автомати чанд сол боз мавриди ҷустуҷӯ қарордоштаро чун далели шайъӣ гирифтем.
Маводи аз мошини Мерседес-600 ёфтшударо Исмоили Мискин пурра ба души хеш гирифт, вале мо шахсияти нафареро ки маводи мухаддирро ба бордони мошини гузошта буд, муайян карда натавонистем.
Баъди ду моҳ дар вилояти Челябински Федератсияи Руссия ҳамватани мо Тауров Мирзо Оқилович бо ҷурми қаллобӣ ва одамрабоӣ дастгир карда шуд ва аз рӯи расм Турсуни Маҳмуд, ӯро чун Охун шинохт. Тауров собиқ корманди фаврӣ-ҷустуҷуӣ буд, ки бинобар аз аттестатсия нагузаштанаш чор сол пеш аз сафи мақомоти милиса сабукдуш шуда буд. Қисми парвандаи ҷиноӣ дар нисбати Қиёми Абдулхайр дар истеҳсолот қатъ карда шуд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор