Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

ХОКИСТАРИ
СӮЗОН
Роман
Ҳафтаи охири моҳи март хеле сербориш омад. Боришоти зиёд на танҳо кори марди деҳқонро дар деҳот, балки кори хоҷагии коммуналии шаҳрро ҳам дучанд кард.
“Қатра-қатра дарё шавад” гуфтани мардум ҳам беҳуда набудааст. Маҳз ҳамин қатраҳо аз талу теппаҳои атрофи шаҳр ба поён шорида, ҷӯйчаҳо ва дар маҷмуъ ҷӯи калонеро ташкил намуда, хасу хошок ва шикастапораҳои дарахтони дар зери барфи зимистон пусидаро шуста, ба поён, ё ба таври дигар гӯем, ба шаҳр меовард. Дар қисми шимолии шаҳр, ки бо талу теппаҳо ҳамҳудуд буд, об дар қубурҳои бетонии рӯйкушода нағунҷида рӯйи роҳ мебаромад. Кормандони хоҷагии коммуналӣ баҳри ба эътидол овардани вазъи роҳ тамоми чораҳоро меандешиданд, ки об аз дохили қубурҳо берун нашавад ва то ҳадди имкон хасу хошок ва шикастапораҳои дарахтонро аз дохили қубурҳои рӯкушода мегирифтанд, вале об ҳеҷ не ки ба соҳили хеш ғунҷаду роҳро вайрон накунад...
Дар бисёр минтақаҳои роҳи калон қариб аз роҳи мумфарш нишоне ба чашм намерасид. Тамоми роҳи мумфарш дар зери лойлуқа мехобид ва баъзан ронандаҳо ҳамин аҳволро дидаву дониста, суръати мошинҳоро паст накарда, мардуми роҳгузарро, ки сару либосашон аз оби зери чархи мошин пошхӯрда ифлос мешуданд, ба ғазаб меоварданд ва ин “ҷабрдидагон” ҳам дар навбати хеш борони таънаю маломатро ба сари кормандони хоҷаги коммуналӣ ва роҳбарони шаҳр мерехтанд.
Ба ҳамаи ин таънаю маломатҳо нигоҳ накарда ҳам шаҳрдорон ва ҳам кормандони хоҷагии коммуналӣ дар зери борон хизмати хешро аз таҳти дил ба ҷо меоварданд ва роҳи селобро аз хасу хошок ва шоху барги дарахтон тоза карда, кӯшиш ба харҷ медоданд то об ба қубурҳо дохил шуда, аз қубурҳо ба ҷӯйи зеризамини фаромада равад.
Мардум тайи панҷоҳ соли охир чунин боронгариро ёд надоштанд ва акнун борониҳои ҳафтаи охирро ҳар ки ҳар хел шаҳру эзоҳ медод. Расонаҳои хабарӣ, радио ва телевизион боришоти ҳафтаи охирро дар натиҷаи яку якбора баланд шудани ҳарорати ҳаво дар нимкураи ғарбӣ арзёбӣ кунанд, мардуми аҳли тақво онро чун ғазаби Парвардигор бар зиди фисқу фасод маънидод мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор