Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Мардум ҳарду тарафро ҳам бовар мекарданд ва қисме, ки ба аҳли тақво эътиқод доштанд, “садақа радди бало” гуфта, дари хайрро кушода, дар ҳавлӣ ва ё масҷидҳо садақа доданд...
Борон бошад, мебориду меборид...
Баробари торикшави роҳбарони хоҷагии коммуналӣ дар минтақаҳои бештар хавфноки роҳ сменаи кори кормандонро ташкил намуда, дигаронро то субҳ ҷавоб доданд. Ҳарчанд акнун кормандон камшумор дар хизмат буданд, вале онҳо ду-се мошин дар ихтиёри хеш доштанд ва аҳволи минтақаҳои аз ҳама хавфноки роҳ, аз ҷумла сари қубурҳои ба зери замин дохилшавандаро, ки бо панаҷараҳои оҳанин маҳкам шуда буданд, назорат карда метавонистанд. Маҳз тоза кардани ҳамин панҷараи сари қубурҳои ба зери замин мерафта то андозае метавонист ҳаракати оби ҷӯйҳои сунъии аз борон ҳосилшударо ба танзим дарорад...
Ақрабаки соат ба дувоздаҳи шаб наздик мешуд. Акнун ҳаракати нақлиёти шаҳрӣ ҳам суст шуда буд. Натиҷаи кам шудани ҳаракати нақлиёт ин пеш аз ҳама борон буд. Ҷавонписарону гулдухтарон ҳам дигар ҳаваси дар кӯчаҳои серобу лой гаштугузорро надоштанд. Умуман, имконияте “фароҳам” омад, ки коркунони хоҷагии коммуналӣ лаҳзае ҳам бошад, дар дохили мошин ғанаб раванд.
-Хайр чӣ, биё каме ҳам бошад, ғанаб равем, - гуфт Назар ба тарафи ронанда Хусрав нигариста.
-Ҳоло барои истироҳат вақт ҳаст, аққалан боз як бор панҷараи сари қубурҳоро аз хасу хошок тоза кардан лозим.
-Чӣ гумон мекунед, дар давоми ин як соат аллакай сари қубурҳо маҳкам шуданд?
-Намедонам, вале санҷидан зарар надорад, - гуфт Хусрав муҳаррикро ба кор дароварда истода.
-Ба фикрам, дар кӯҳу ёнаҳои атроф тайи ин чанд рӯз баргу шохчаи дигар ҳам намонд, ки даромадгоҳи қубурҳоро маҳкам кунад.
-Ба ҳар ҳол, - гӯён Хусрав мошинро ба ҳаракат даровард...
Мошин бо суръати ниҳоят паст дар байни кӯча ҳаракат мекард. Ронанда қубурҳои тарафи чапи роҳ ва ҳампаҳлуяш қубурҳои тарафи рости роҳро аз назар гузаронида, чанд маротиба аз мошин фаромада, пеши роҳи оби дохили қубурҳоро, ки майли ба рӯи роҳ баромадан дошт, тоза намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор