Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Акнун аз кӯча аҳёнаҳён мошинҳо мегузаштанд. Асбобҳои шишатозакунии пеши мошин чун ҷорубзании фарош якзал ба чапу рост ҳаракат карда, пеши чашми ронанда ва ҳамроҳашро равшан мекарданд. Дар рӯшноии чароғҳои мошин борон ба дили ҳар бинанда даҳшат зер мекард.
-Ист!
-Чӣ гап шуд? - тормозро пахш карда пурсид ронанда.
-Ба фикрам, дар он ҷо касе ҳаст.
-Дар куҷо?
-Дар дӯкони ҷавоҳирот.
Ҳарду аз мошин берун омада, ба тарафи дӯкони ҷавоҳирот рафтанд, вале ҳама орому хомӯш буд. Аз паси оинаи барқад дохили дӯкон бараъло намудор буд. Ҳарчанд онҳо ба саҳни дохили дӯкон назар карданд, ягон ҳолатеро ки боиси изтиробашон гардад, надиданд.
-Ҳама тинҷӣ-ку, - норозиёна ғурғур кард ронанда.
-Ба фикрам, касе дар дохили дӯкон буд.
-Дар дохили дӯкон касе нест, шояд дар назарат намудааст.
-Шояд.
-Хайр биё рафтем,-гӯён Хусрав ба тарафи мошин ҳаракат кард. Назар ҳам дилу бедилон аз қафои ӯ рафта, ба мошин нишаст.
Аз чӣ бошад, ки чунин ҳолат ҳеҷ гоҳ ба ӯ рух надода буд. Наход дар назарам намуда бошад.
-Ҳеҷ гап не, баъзан чунин ҳолатҳо рух медиҳанд. Ин ҳамааш натиҷаи тамошои ҳамон филмҳои хориҷӣ,-калонгарона гуфт Хусрав ва мошинро ба роҳ даровард,
-Ба фикрам, дар дохили дӯкон касе буд.
-Чӣ хел буд? О, ҳама тинҷ буд-ку. Дару дарича маҳкам.
-Биё беҳтараш ба милиса занг занем.
-Ҳаминаш намерасид. Мағозаи ҷавоҳирот дар сигнализатсия гирифтагӣ, қандата хӯру даст ба дарвоза ё тирезааш расон, чунон садо медиҳад. ки...
-Ҳа, рост. Барои ҳамин маро наздик рафтан намондӣ?
-Боз барои чӣ мешуд? Худо накарда садо медод. Лаҳзае пас милиса меомаду кашу баркаш сар мешуд. Охир дар чунин шабе, ки ҳатто гург аз лонааш намебарояд, ёфтани мо чӣ душворӣ дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор