Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Пас моро шояд бар он гунаҳкор мекарданд, ки қасд бар моли мардум намудем.
-Эй биё мон. Ҳеҷ кас моро гунаҳкор намекард. Биё беҳтараш як ба милиса занг занем.
-Содда будаӣ Назар-ако. О кори худамон кам аст, ки боз бо милисаҳо сару кор гирем. Ана бубин об аллакай руст шуда, ба рӯи роҳ баромадааст. Эй дар қудратҳоят мурам Худоҷон: -Ин чи бориш буд? - гӯён Хусрав мошинро нигоҳ дошта фаромад ва бели дар паҳлуи дар бударо гирифта, ба сӯи қубур рафта, хасу хошокро тоза намуда баргашт. Назар ҳамоно дохили кабинаи гарм менишаст.
-Чӣ будааст?
-Хасу хошок даҳони қубурро маҳкам карда будааст. Камтар онро тоза намудам ва об бо маҷрои худ рафт, - гуфт ронанда сари чанбарак нишаста истода.
-Шояд каме истироҳат намоем?
-Чӣ, хоб ғалаба кард? - шӯхиомез пурсид ронанда.
-Ба фикрам, ҳамин хел аст.
-Майлаш қубури сари чорроҳаро бинем, пас...
-Э биё мон чорроҳаро, ҳамин ҷоямон бад нест, аққалан як соат...
-Чӣ илоҷ? - гӯён Хусрав ҳам дастонашро болои чанбарак гузошта, сар болои дастон монд...
...2...
-Хайрият чизеро пайхас накарда рафтанд.
-Намедонам, чун балои ногаҳонӣ онҳо аз куҷо пайдо шуданд?
-Ҳарчи ҳам набошад, аз ин ҷо тезтар ҷон ба саломат бурдан лозим.
-Ҷон ба саломат мебарӣ, ҳа...
-Чиро дар назар дорӣ?
-Ҷон ба саломат бурдани худатро.
-Чӣ, маро зинда ба зинда гӯр карданиӣ?
-Ман не, нафси бадат туро ба он ҷо роҳхат медиҳад. Бубин худро ба чӣ аҳвол расондӣ. Виҷдону имонатро ҳам барои як ҷуръа шароб фурӯхтӣ. Маҳз аз рӯи шароб шуда, сирри касбатро ҳам назди нокасе ошкор кардӣ ва дар чунин шабе ки саги хуб аз пеши хонаи соҳибаш дур намеравад, туро нафси бадат то ба ин ҷо овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор