Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агар он шербачаҳо ба даст афтанд, ҳаргиз хотири мӯйи сафеди ту нахоҳанд кард...
-Мард қисматашро аз Худо мебинад, номард аз рафиқаш.
-Магар ҳамин ҳам мардӣ шуд, ки дар ин шаби тор, дар зери борон ҷойгаҳи гарматро партофта, гӯш ба қимор шиштаӣ.
-Ҳар он чӣ хоҳӣ гуфтан гир, вале банда дар оташи зиндагӣ пухта расидаам ва ба насиҳатгар ҳам эҳтиёҷе надорам.
-Магар гуфтанӣ нестӣ, ки худ як мактабӣ ва бояд дигарон аз худат сабақ гиранд.
-Ман барои ин мақом даъвое накардам. Мехостам, ки ман бошаму вай бошаду ин кӯзаи май. -Мӯйсафед шишаи шаробро палмосида, аз паҳлуяш гирифт ва онро бардошта, чанд ҷуръае нӯши ҷон карда, рафъи хумор шикаст. -Эй дар ту ҷонам, ҳам табиби манӣ ва ҳам ҳабиби ман: - гӯён ӯ сарпӯши шишаро тоб дода, боз ба паҳлуяш гузошт...
Борон бо суръати пештарааш ҳам набошад, вале бо як низоми муайян ба шишаҳои тирезаи дорухона бархӯрда, табъи мӯйсафеди майзадаро боз ҳам хиратар мекард. Албатта, субҳи фардо ӯро имтиҳони ҷиддие дар пеш буд. Чандин бор Хубон аз болои ӯ ба фарзандаш Фаттоҳ шикоят бурд, вале мӯйсафед аз хӯйи бадаш нагашт. Ду ҳафта пеш агар ӯ бо табибе, ки замоне аз марг наҷоташ дода буд, дар кӯча рӯ ба рӯ намеомад, ҳоло дар бораи имтиҳони фардо низ ҷои андеша набуд. Аздусар Хубон фардо манро тарк карда меравад. Агар ин дафъа ҳам ба хотири Фаттоҳ ӯ истад, чӣ хуб, вагарна ман дигар дар назди ӯ забонкӯтаҳам...
-Хубон аслан зани муъмину мусулмон аст, вагарна туро кайҳо партофта мерафт.
-Медонам.
-Медонию менушӣ, ҳа?
-Охир ман як умр нӯшидам, замоне буд ки нафарони зиёде дастҳо пеши бар хушомадам мегуфтанд ва чун рӯзаш омад, маҳз ҳамон хушомадгӯён дар маҷлис забон як карда, ба муқобилам хестанд ва нафари дигареро ба курсии мансаб оварданд. Маҳз онҳо вақте ки ман аз сари мансаб рафтам, саломамро алек намегирифтагӣ шуданд, ҳарчанд салом назди Парвардигор қарз аст. Аз ин нобасомониҳои замона ман дигар чӣ ҳам мекардам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор