Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Ягона роҳи халосии хешро дар ҳамин зормонда дидам ва бояд иқрор шавам, ки ба шарофати ҳамин майи ноб ман каме ҳам бошад, дарду ғами хеш фаромӯш мекардам, чунки май ягона муниси ман дар зиндагӣ буд ва модоме ки май дар чунин рӯзи сахт дастам гирифт, пас чаро ман аз чунин дӯсти беғараз рӯй мегардонидаам? Ана ҳамин хел мо мунису ҳамдами якдигар гаштем.
Мӯйсафед боз аз паҳлуяш шишаро гирифта, нӯшокии онро то қатраи охир нӯши ҷон кард. Ӯ як шишаи “Иванов”-ро ба гулӯ рехт, вале ҳеҷ не ки ҳамроҳонаш биёянд. Шояд дар умри шастуҳафтсолаи хеш ҳеҷ касро чунин интизор нашуда буд, ки дар ин шаби тор он табиби собиқ ва ҷавони ҳамроҳи ӯро интизор шуд...
-Ман аз ин амалиёт умедҳои зиёд дорам.
-Наметарсӣ, ки умедҳоятро бо худ ба гӯр набарӣ?
-Кист оне ки қасди ҷони мани пир кунад?
-Фарз кардем ҳамон ҷарроҳе ки замоне туро аз марг наҷот дод.
-Ман ба ин ҳеҷ боварӣ надорам, охир чӣ хел мешавад, ки шахсро аз марг наҷот диҳию боз қасди ҷонаш намоӣ.
-Агар ҷарроҳи гуфтаат ба касби хеш содиқ мемонд, ҳеҷ гоҳ ба гапи ту барин майзада намедаромаду ба чунин кори нангин даст намезад.
-Зиндаги оинаро муҳтоҷи хокистар кунад.
-Хандаамро набиёр, о агар вай оина мешуд, магар ӯро ҳабс мекарданд?
-Ӯ ҳам чун ман гирифтори ғазаби нотавобинон шудааст.
-Охир гуноҳи ӯро дар додгоҳ дайн намудаанд ва бас аст аз сиёҳ сафед тарошидан.
-Хайрият ки муфаттиш нестӣ.
-Инаш ҳам ба бахти туву ту баринҳо.
Мӯйсафед аз ҷой бархоста пеши дари дорухона, ки борон ба он ҷо намерасид, пасу пеш қадам задан гирифт. Афсӯс бар он хӯрд, ки дар шиша дигар қатрае аз он майи ноб нест, вагарна боз каме ҳам бошад рафъи хумор шикаста, худро гарм мекард.
Интизориҳои бепоён, ки мисли қарн дароз буданд, ниҳоят ба ҷонаш зад, ки зери лаб ғурғур намуд, ки “дӯстонаш” куҷо шуданд...
...3...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор