Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳолате ки нафаре дар пеши дорухона шаҳди интизорӣ мекашид, ду нафар дохили дӯкони ҷавоҳирот саргарми кори хеш буданд. Баробари вориди дӯкон шудан чашми бадбине ба онҳо расиду қариб буд, ки ба бало гирифтор шаванд. Моргазида аз банди ало метарсад ё оне ки аз нӯшидани шир сӯхатааст, дуғро пуф карда менӯшад. Ҷарроҳу ҳамроҳаш ҳам баъди аз назди дӯкон рафтани мошин замоне ба фарш худро ҷафс намуда, ноҷунбон дароз кашиданд. Сипас оне ки ҷавонтар буд, бо супориши рафиқи калон аз кунҷаке назорати роҳро ба душ гирифт ва калон ба азназаргузаронии дохили бино сар кард...
Дузд дуздро дар шаби тор ҳам мешиносад. Ва агар мӯйсафеди сохтмончӣ намешуд, эҳтимол ӯ ва Асрор ҳам имшаб дар хонаҳояшон орому осуда буданд. Не, ҳама корро аз ӯ интизор шудан мумкин буд, ба ҷуз дуздӣ. Чун ӯ мӯйсафедро вохӯрду ҳоли дили хеш ба ӯ гуфт, кашмакашиҳояш сар шуд. Мӯйсафед ба ӯ асрореро кушод, ки танҳо одами аз ақл бегона аз амали кардани он сар мепечад. Ҷарроҳ чанд рӯз сари ин масъала андеша кард ва ниҳоят ба хулосае омад ки бо ҳамин васила метавонад қасди хеш аз Холи Баҳром ситонад...
Акнун дар дохили ин бинои торику сокит ӯро лозим буд, ки бехато амалиётро ба анҷом расонад. Ду рӯз пеш ӯ ба сифати тамошобин вориди бино гардида, ба шакли умумии толори фурӯшгоҳ, ки аз нури хираи чароғҳои барқии кӯча каме ҳам бошад, нур мегирифт ва имшаб аз рӯи борон шуда ин нур боз ҳам хиратар гардида буд, бояд мақсади хеш ба итмом мерасонд. Чун ӯ аз суханони мӯйсафед фаҳмид, ки шабонгоҳ асбобу анҷоми дар витринаҳо буда гирифта намешаванд, дигар майли ба анбор даромадан ҳам накард, вале чун фаҳмид, ки барои ба анбори дӯкон ворид шудан сари роҳ монеае нест, чун руҳ лаҳзае Асрорро он ҷо танҳо гузошта, худ ба бинои шафат гузашт. Азбаски бинои ёрирасон ё худ анбор нисбати зали фурудгоҳ ториктар буд, ӯ маҷбур шуд, ки чароғаки дастиро ба кор барад. Дар дохили анбор аслан се адад сейфҳои калони вазнин, ки онҳоро сейфи насӯзанда (ба оташ тобовар) ҳам мегӯянд ва ҳар кадоме на камтар аз як тонна вазн доштанд, асбобҳои ороишии ин бино буданд. Ӯ бо дастпӯшаки чармин дастаи ҷилодори ҳар се сейфро тоб доданӣ шуд, вале ҳамоно фаҳмид, ки зӯри беҳуда миён мешиканад ва ҳамон хел орому хомӯш боз ба толори фурӯшгоҳ баргашт ва ба воситаи асбобҳои махсус, ки дар асоси тавсияи сохтмончии хизматнишондода гирифта буд, ба кушодани қулфи витринаи аввалин пардохт.

пешина
аз 429
навбатӣ