Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Кушодани қулфаки витрина ин кушодани қулфи дискдори сейфи калон нест ва лаҳзае пас витринаи аввалин кушода шуд. Ӯ палмосида-палмосида тамоми “ҳосили” дохили витринаро ба сумкаи сафарии на чандон калони бо худ овардааш ҷо ба ҷо намуд. Ҳамин зайл витринаҳои дуюму сеюм ҳам тамоми “ҳосили” хеш ба дасти ӯ доданд ва сумкаи сафарӣ ҳам ба қавле “зеб” гирифт... Ҳарчанд ҳосили се витрина дар давоми на бештар аз панҷ дақиқа дар сумкаи сафари ҷо ба ҷо шуданд, вале дар назари ҷарроҳ ва шогирдаш ин муҳлати ниҳоят тӯлонӣ буд.
Ҷарроҳ баъди анҷоми амалиёт лаҳзае зиндагии хеш пеши назар овард: бубин, ки чархи гардун бо ман чӣ кард. Ман кӣ будаму кӣ шудам. Мӯйсафеди майзада ҳам бало, мисли оне, ки девона ба кори хеш ҳушёр аст. Ҳарчанд ақлашро хӯрда бошад ҳам, вале на ба он дараҷае, ки мо гумон дорем. Охир дар чунин синну сол баъди чанд даҳсолаҳо чӣ тавр аз тунел ба дохили дӯкон баромаданро аз ёд набаровардааст. Аздусар мисли оне ки ӯ маро ором карданӣ шуда гуфт, ки касе ҳам ба гӯшаи хотир оварда наметавонад, ки табиби ҳозиқе, ки ба ҷони чандин дардмандон шифо бахшидааст, ба чунин амалиёт даст занад, маҳз касе ҳам ба гӯшаи хотир намеорад, ки муҳандиси асосии чунин як амалиёти бузург мӯйсафеди шастуҳафтсола аст. Ба гумон аст, ки дар милиса ҳам нисбати сохтмони бинои мазкур таваҷҷуҳ зоҳир намоянду муҳандис сохтмончии ӯро ҷӯё шаванд. Дар ин ҷода мӯйсафед қариб ки аз мадди назар дур аст, вале ӯро хулқи баде ҳаст, ки чун бинӯшад, на хеш шиносаду на бегона...
Ҳарчи ҳам набошад аз мӯйсафед халос шудан лозим. Охир агар ӯ ақли солим медошт, боке ҳам набуд, вале бо марде чун ӯ бовар кардан ин баробари теша ба пой хеш задан аст. Беҳтар аст, ки дар ин бора Асрорро огоҳ насозам, вале чун амалиётро ба ҷо орам, Асрор аз ду сар муҳри хомӯшӣ ба даҳон хоҳад гирифт, чунки хоҳу нохоҳ ӯ ҳам иштирокчӣ дар ин ҷинояти вазнин мегардад...
-Магар кушторҳои пештараат кам буд, ки боз хуни ноҳақ мерезӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор