Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ман барои ҳамаи гуноҳҳоям дар назди давлат бо ҳукми додгоҳ ҷавоб гуфтам ва касе бандаро дигар ҳуқуқи бадгӯӣ кардан ҳам надорад, мӯйсафед бошад умрашро хӯрдааст ва аз чунин зиндагие, ки ӯ дорад, мурдан ҳазор бор алвотар аст.
-Ба гумонам, ин дафъа матлабат дар куштор дигар аст.
-Модоме ки чун Афлотун ҳамадонӣ, пас бигӯ бандаро мақсад чист, ё чӣ хеле мегӯянд, шиносон маро бо ман.
-Пеш аз ҳама намехоҳӣ, ки ин молҳои дуздидаро се тақсим намоӣ ва эҳтимол онҳоро ду тақсим ҳам карданӣ набошӣ, вале Асрор хешбачаат ҳасту ба хуни ӯ шарик шудан намехоҳӣ.
-Ҳамааш сафсата.
-Баръакс, ҳамааш рост, вале ту ва ту баринҳо агар имконият меёфтед, ба манфиати хеш сафедро сиёҳ ё баръакс сиёҳро сафед арзёбӣ мекардед...
-Асрор!
-Чӣ буд?
-Биё рафтем.
Асрор аз кунҷи амонатгирифтааш бори дигар ба берун нигарист, вале дар борон ягон чизхро надида, оҳиста то пеши шеф омад ва бо супориши “калон” аввалин шуда, ба тунел фаромада, халтаи борҳои дуздидашударо гирифт. Сипас ҷарроҳ ҳам поён фаромада, қадашро рост намуда, санги мармаринро ки пайвандагари тунел ва мағоза буд, ба ҷояш гузошт. Лаҳзае пас Асрор бо чароғаки кисагӣ роҳи хеш ва ҳамроҳи калонашро фурӯзон намуда, ба пеш хазид. Ҷарроҳ бошад, қуттии тамокуеро майда карда, аз қафои хеш ба нақб пошид ва баъди чанд дақиқа ҳарду аз чоҳи байни роҳ берун шуда, ба тарафи дорухона рафтанд.
Ҷарроҳ талаби нӯшидан кард, вале мӯйсафед шишаи холиро ба дасташ дод ва шояд ғазаби табибро ба вуҷуд овард, ки лаҳзае пас оҳ гуфта ба замин афтид...
...4...
Аз вазъи тангу ноҳинҷори кабина бошад ва ё аз хунукии пойпӯши таршудааш, ки ӯ бедор шуд. Сараввал дар куҷо буданашро ҳам нафаҳмид. Қатраҳои борони ба шишаи тиреза бархӯрда чун мусиқии дилангезе ба торҳои қалбаш нохун зада, ба ӯ ҳатто имконияти чашм кушодан намедод, вале сардӣ ва карахтии пойҳояшро ҳис карду чашмонашро кушод...

пешина
аз 429
навбатӣ