Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар рӯшноии фонуси рӯи роҳ ҷараёни оби аз “маҷрояш” баромадаро дид, ки дар ин хомӯшии шабона бепарво қариб нисфи зиёди роҳи мумфаршро бо иҷора гирифта буд...
Ҳампаҳлуяш сари чанбраак сар гузошта, оҳиста-оҳиста хӯрок мекашид. Назар ҳарчанд дар торики симои ронандаро надид, вале ба “истироҳати” ронанда ҳавасаш омад.
Ӯ ҳис кард, ки нисбати лаҳзае, ки онҳо баҳри “истироҳат” вориди мошин шуданд, садои ин “мусиқии дилангез” хеле паст шуда буд, вале аз он ки ҷараёни оби ҷӯйи паҳлуи роҳ тарки маҷрои хеш карда буд, дар шигифт шуда овоз дод:
-О об ҳамаро бурд!
-Чӣ? Чӣ гуфтӣ? - аз ҷояш ҷаста чашмонашро молида пурсид ронанда.
-Об ҳамаро шуста бурд.
-Чӣ хел ҳамаро шуста бурд?
-Ана нигоҳ кун.
Хусрав шояд акнун каме ба худ омада дар куҷо буданашро ба ёд оварда, тугмачаи чароғҳои мошинро пахш кард. Дар рӯшноие, ки акнун пардаи зулмотро яку якбора дарид, лапиши мавҷҳои об дар рӯи роҳ баръало намудор буд.
-Ба фикрам, борон хеле ҳам кам шудааст?
-Ҳамин хел, - бепарвоёна овоз дод Назар.
-Набошад чаро об аз ҷӯйбор ба рӯи роҳ баромадааст?
-Намедонам, вале пойҳои ман аз хунукӣ карахт шуданд.
-Пойҳои ман ҳам. Чӣ хел шаби дароз, ҳеҷ не ки рӯз шавад.
-То субҳ ҳоло вақт ҳаст. Биё беҳтараш пеши ҷӯйро кушоему сари қадам ба хона рафта пойафзоламонро иваз карда биёем.
-Чӣ илоҷ, модоме ки чунин мешуморед, рафтем, - гӯён Хусрав аввалин шуда аз кабина берун шуд. Назар ҳам лаҳзае пойҳои карахтшудаашро дар дохили пойафзоли тар ҷумбонда, дари кабинаро кушод. Қатраҳои борон, ки шамол онҳоро ба сару рӯяш мезад, рухсораҳояшро лесида, вазъи бе ин ҳам бади ӯро бадтар сохта, ба роҳгардиаш монеъ мешуд. Хусрав, ки ҷавон буд, шояд парвои хунукиро ҳам надошт, вале вай...
Азбаски тарафи пиёдагарди кӯча нисбати роҳи автомобилгард баландтар буд, аслан об ба тарафи роҳи калон такя карда буд ва онҳо саравал каме қафо рафта ба тарафи рости кӯча гузаштанд. Дар самте ки онҳо ҷӯйи кушодаи паҳлуи рости роҳро убур карданд, об бо лаби ҷӯ баробар буд.

пешина
аз 429
навбатӣ