Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Вале ҳамагӣ си-чил метр поёнтар об аллакай ба рӯи роҳи мумфарш баромада буд.
Ҳарду дар як вақт ба ҷое ки об банд хӯрда, “тарки” маҷрои хеш карда буд, расиданд.
-Назар-ако!
-Чӣ буд?
-О мегуфтед, ки тайи ин чанд шабонарӯзе ки борид, дигар дар кӯҳу ёнаҳои атроф баргу шохча ҳам намондааст.
-Гуфтам. Ман гапи гуфтаамро инкор намекунам.
-Пас ин чист? - ба тарафи ҷӯй нигариста пурсид Хусрав.
Азбаски об селоба буду ягон чизро дар торики дуруст дида намешуд, Назар лаҳзае ба монеае, ки пеши обро банд карда буд, нигариста гуфт:
-Наход ягон шохи дарахт бошад.
-Ҳарчи ҳам ҳаст ё на, онро бардоштан лозим.
-Албатта, маҳз баҳри тоза кардани ҷӯю қубурҳо мо дар ин шаби хунук лаб зери дандон гирифта шиштем.
-Наход хунук хӯрда бошед?
-Тарзе сухан мегуӣ, ки гӯё, ки худат дар сари оташдон будӣ.
Хайр биё инро тезтар бардорему ба хона равем.
-Ё пир, мадад!-гӯён Хусрав бел ба ҷӯй андохт ва Назар ҳам ба ӯ дасти ёрӣ дароз кард...
...5...
Гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ бо сарварии муфатиши прокуратураи ноҳияи Гулистон мушовири адлияи дараҷаи сеюм Салимов баъди бист дақиқа ба ҷои ҳодиса омад. Ба ҳайати гурӯҳ ҳамчунин ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ майори милиса Абдумаҷидов, нозири бозрасии давлатии автомобилӣ Мирзоев, ташхисгар-криминалист капитани милиса Сафолов шомил буданд.
Лаҳзае пас мошини дигар, ки дар паҳлуяш бо ҳарфҳои хоно “Хизмати тиббӣ” навишта шуда буд, ташхисгари тиббии судӣ Зардовро ба ҷои ҳодиса овард...
Чун Зардов мақтулро аз назар гузаронда гуфт, ки тахминан дусоат пеш ҷон додааст ва дар чунин шароит пурра муайян кардани сабабҳои ҳалокаташ ғайриимкон аст, капитани милиса Сафолов ҷойи ҳодиса ва акси мақтулро, ки дар кисааш шаҳодатномаи нафақагирӣ бо номи Сабзаев Ғанӣ ёфт шуда буд, чанд маротиба бо аксбардори тамғаи “Зенит-Е” ба навор гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор