Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Пас аз оне ки ҷисми беҷони Сабзаевро ба мошини “Хизмати тиббӣ” (ҳарчанд ӯ дигар ба ягон ёри тиббие муҳтоҷ набуд) бор карда, ба бинои ташхисгоҳи тиббӣ-судӣ фиристоданд, ҳайати гурӯҳи фаврӣ-тафтишотиро лозим омад, ки то субҳи содиқ дар ҷойи ҳодиса кор кунад.
Хушбахтона, баробари дамидани субҳ борон ҳам монд...
Дар ин шаби дарозтар аз қарн кормандони хоҷагии коммуналии шаҳр Назари Гадо ва Хусрави Шодӣ ҳам то субҳи содиқ ҳамроҳи кормандони милиса монданд. Онҳо бо чашми хеш диданд, ки чӣ тавр кормандони милиса нисбати касби хеш масъулиятро ҳис мекунанд. Ҳамаи ҳайати гурӯҳи ба ҷои ҳодиса омада ба ҷуз Зардов, то сари субҳ баҳри муайян намудани ҳолатҳои кор, ки ба сари Сабзаев омада буд, кӯшиш ба харҷ дода, баробари равшан шудан аз бари панҷараи қубур, ки аз ҷойи ёфтани ҷасади мақтул саду панҷоҳ дусад метр поёнтар ҷойгир буд, ёфтани шишаи шикастаи арақи русии "Иванов" ҳайати гурӯҳи фаврӣтафтишотиро ба андеша намудан водор кард ва баъди муҳокимаи на чандон тӯлонӣ гурӯҳи тафтишотӣ дар назди худ мақсад гузошт, ки қисми шикастаи дигари шишаро дарёбад, ҳарчанд шишаи мазкур ба марги Сабзаев дахл дошт ва ё не...
Маҳз ҳамин дилгармии кормандони милисаро ба кор дида, Назари Гадо ва Хусрави Шодӣ ҳам хунукиро ба гӯшаи фаромӯшхотирӣ доданд.
Дар нишондоди хеш Назари Гадо ва Хусрави Шодӣ ба саволҳои муфатиш посух дода гуфтанд, ки тахминан се соат пештар сари қубурро тоза карда буданд, вале ҳеҷ гуна шиша набуд.
Аз ин ба чунин хулоса омадан мумкин буд, ки шишаи шикастаи арақи русӣи “Иванов”-ро касе баъди соатҳои дувоздаҳи шаб ба ҷӯйи оби паҳлуи роҳ партофтааст. Ҳарчанд масоҳати ҷӯй то қисми шимоли шаҳр масофаи зиёда аз панҷ километрро ташкил медод, вале ба гумон буд, ки шиша ҳамин масофаро шино карда омада бошад. Бе ягон шаку шубҳа шиша дар панҷараҳои даҳони қубури аввалине, ки дар масофаи ҳар панҷсад метр як то шинонда шуда буд, маҳкам мешуд. Пурсиши кормандони хоҷагии коммуналии шаҳр гурӯҳи фаврӣ-тафтишотро водор намуд, ҳар чӣ ҳам набошад, радиуси корҳои ҷустуҷӯиро дар атрофи ҷасади мақтул Сабзаев ва шишаи бишикастаи аз даҳони қубур ёфташуда фишурда намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор