Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд то кунун сабабҳои марги Сабзаев муайян нашуда буд, вале ваколатдори кофтукови ҷиноятии ШКД-и ноҳияи Гулистон майори милиса Абдумаҷидов дар ҳодисаи мазкур пайвастагиеро медид. Ҳамин нуқтаи назари хешро ӯ дар ҷои ҳодиса ба дигар аъзоёни гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ иброз намуд. Сардори гурӯҳ Салимов назарияи мазкурро қобили қабул нашумурд, вале барои рад намудани он далелҳои кофӣ ҳам пешниҳод карда натавонист ва аз тарафи дигар аъзои гурӯҳи тафтишотӣ назарияи пешниҳодкардаи Абдумаҷидовро пазируфтанд.
Мегӯянд, ки кори шаб хандаи рӯз. Баробари дамидани субҳ кор умуман ранги дигар гирифт. Гурӯҳи фаврӣ акнун ба хубӣ дарк намуд, ки борони дишаба ҳама гуна нақшҳоро агар дарвоқеъ касе онҳоро монда бошад ҳам, шуста бурдааст. Акнун ҷустуҷӯи ҳама гуна нақши ҷиноят баъди чунин борон на танҳо дар радиуси панҷсад метр (аз як панҷараи даҳони қубур то панҷараи дигараш), балки дар радиуси панҷ ҳазор метр ҳам ба гумон буд ки натиҷае диҳад...
Ҳарчанд ҳамаи ҳайати гурӯҳ баъди равшан шудан умедашонро аз ёфтани ҳама гуна нақши ҷиноят канда, ба муфаттиши прокуратура Салимов ҳамақида шуданд, вале дар асл ошкоро фикри хешро гуфта натавонистанд ва бо амри Абдумаҷидов масофаи тарафи рости ҷӯйро бо дарозии панҷсад метр ва паҳноии сад метр, ки ба дохили биноҳои истиқоматӣ мебурд, қариб сӯзанкоб намуданд.
-Рафиқ майор! - нохост аз зери бинои чорошёнае, ки дар зераш “Дорухона” ҷойгир буд нидо баровард лейтенанти калони милиса Мирзоев.
-Ҳа, чӣ буд? - аз дур овоз дод Абдумаҷидов.
-Ин ҷо биёед! - боз нидо кард Мирзоев.
Ҳайати гурӯҳи тафтишотӣ ба ҷойи исти Мирзоев рафтанд.
Салимов дар зери сутуни калоне, ки биноро ба души хеш гирифта буд, пораҳои шикастаи шишаи шаффоферо дид. Муфаттиш ба ташхисгар-криминалист Сафолов супориш дод, ки шишапораҳоро дар ҳузури холисон гирд оварад ва худ ба тартиб додани протокол сар кард. Дар натиҷаи муоинаи дуруст ва азназаргузаронии ҷойи дарёфти шишапораҳо, ки дар пеши бинои дорухона ёфт шуданд ва аз борон осебе надида буданд, дар рӯи сангҳои мармарини пеши дорухона ёфт шудани моеъи шахшудаи сурхчатоби ба хун шабоҳат дошта гардид, ва онҳоро аз ҷои ҳодиса ҳамчун далели шайъӣ харошида гирифтанд.

пешина
аз 429
навбатӣ