Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Пеш аз гирифтани далелҳои шайъӣ, изи моеъи сурхчатоби болои сангҳои мармарини пеши дорухона аксбардорӣ карда шуда, ҳамаи ин ба протоколи азназаргузаронии ҷои ҳодиса илова карда шуд. Салимов баъди ин нисбати Абдумаҷидов як эҳтироми хоса пайдо кард, ки гуфт:
-Раҳмат рафиқ майор афсӯс ки аз аввал шуморо нафаҳмидам.
Ба фикрам, ҳеҷ ранҷ бе ганҷ нест.
-Худо медонад, ки пораҳои шикастаи шишаи аз инҷо ёфташуда ба марги Сабзаев алоқаманде дошта бошанд,-гуфт Абдумаҷидов.
-Дорад ва ё не, инаш муҳим нест.
-Пас чияш муҳим аст?-пурсид ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
-Муҳим он аст, ки ҳайати гурӯҳи тафтишотӣ аз таҳти дил баҳри дарёфти нишонае аз ҷиноят то ҳадди имкон кӯшиш ба харҷ доданд, - гӯён Салимов бо Назари Гадо ва Хусрави Шодӣ хайрухуш намуда, ҳайати гурӯҳро барои нишастан ба мошин таклиф кард.
-Ҳамаи касб душвориҳои хешро доштааст,-аз қафои мошини милиса нигариста гуфт Назари Гадо.
-Баъзеҳо бошанд, бар он ақидаанд, ки милисаҳо пули муфт гирифта хобанд,-посух дод мусоҳибаш.
-Онҳое, ки чунин ақида доранд, нафаронеанд, ки аз офтобу моҳтоб ҳам ҷурм меҷӯянд.
-Шутур каҷии худро намебинад, вагарна онҳое, ки айби дигарон меҷӯянд, худ ба нафъи давлату ҷамъият чӣ хидмате намудаанд?
-Гапат рост, додар. Нафароне ки дар айбмонии дигарон мекӯшанд, ҳеҷ гоҳ дар фикри ободии давлату ҷамъият ҳам набуданд. Чӣ хеле ки мегӯянд, айбро кӣ монад майиб. Дидӣ, милисаҳо бо ҳамин маоши ночиз, ки ба як лингча орд намерасад, чӣ хел ба касби хеш дилбастагӣ доранд. Лекин ба ҳар ҳол мо кори хуб накардем.
-Чӣ хел кор?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор