Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Охир дар бораи он суробе, ки ман дар дӯкони ҷавоҳирот дидам, - сухане нагуфтем.
-Он ҷо ягон гап набуд-ку. Дару тирезаҳояш маҳкам. Ба онҳо чӣ мегуфтем, ки дар назари Назар-ако кадом суробе намудааст.
Ташвиши милисаҳо кам буд, ки мо боз кадом як кореро, ки маъние надошт, чун сарборӣ ба души онҳо бор мекардем. Ба замми ин, имрӯз якшанбе ва албатта милисаҳо ҳам хонаю дар, бачу кач доранд ва онҳо ҳам аз ташвиши рӯзгор фориғ набудагистанд.
-Албатта, то замоне дам ҳаст, ғам ҳаст. Рӯзгори имрӯза шоҳро ба каҷкули гадо муҳтоҷ мекунад ва милисаҳо ҳам аз сахтии рӯзгор дар канор нестанд. Ман аз дигар чиз дар ташвишам.
-Агар махфӣ набошад, аз чӣ?
-Аз он ки рафту дар ҳақиқат дар дӯкони ҷавоҳирот ҳодисае рух дода бошад ва он бо марги ин бечораи мустаманде, ки мо аз дохили ҷӯйбор бардоштемаш, робитае дошта бошад?
-Дилатонро дур набаред. Мо-ку худамон аз тиреза саҳни дохили дӯконро дида баромадем. Дидем ки дар он ҷо пашша пар намезад, пас чӣ ҷои ташвишу изтироб?
-Кошки гуфти шумо шавад.
-Чанд соат пеш хонарав будед, вале ҳоло дар фикри хонаравӣ нестед.
-Ҳамроҳи милисаҳо истода хунукиро ҳам ба гӯшаи фаромӯшӣ додем. Акнун рӯз шуд. Бубин нақлиёти шаҳрӣ ҳам ба ҳаракат даромад. Ба замми ҳамаи ин, субҳ ҳаво хуб мешавад ва ба фикрам идораи моро лозим аст, ки оқибатҳои боришоти ҳафтаи охирро, бартараф намояд. Аз ин рӯ, мо низ бояд дар тоза кардани ҷӯйбору роҳҳо саҳмгузор бошем. Хона бошад, гурехта намеравад...
Хусрави Шодӣ суханони ҳамкорашро шунида, лаҳзае ба андеша рафт, охир каманд коргароне, ки чун Назари Гадо андешаронӣ намоянд. Баъзеҳо ба кор омада, рӯз кӯр мекунанд ва чун вақти корӣ ба анҷом расид, дигар касе рангу раҳматашонро намебинад... Сари ҳамин муҳокимарониҳо, онҳо бел дар даст ба тоза кардани роҳ пардохтанд...
...6...
Хубон имшаб мижа таҳ накард. Садои шамол, ки боронро ба шишаи тиреза мезад, уллоси гургро мемонд. Борон гӯё ба тиреза не, балки ба торҳои қалбаш бархӯрда, вуҷудашро ба ларзиш меовард.

пешина
аз 429
навбатӣ